Обхезии шадид дар шаҳри Аданаи Туркия
Шаҳри Аданаи Туркия бар асари борони пуршиддати тӯлонӣ зери об монд.
Бино ба иттилои агентии иттилоотии “IHLAS HABER AJANSI”, боришоти шадид кӯчаҳои шаҳрро зери об монда, чанд мошинро шуста бурдааст. Илова бар ин, дар пайи борон дар шаҳр жолаи сахт боридааст.
Айни замон хадамоти оперативӣ ба ронандагоне, ки дар мошинҳо банд мондаанд, кӯмак мерасонанд.
Боришот ба заминҳои кишти шаҳр ҳам зарари калон расонд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар вилояти Қаҳрамонмараши Туркия, ки қаблан аз заминларзаи шадид осеб дида буд, тӯфони шадиде рух додааст.
Тибқи маълумоти пешакӣ, беш аз 40 нафар захмӣ шуда, як нафар ба ҳалокат расидааст. Хаймае, ки дар он одамони офатзада зиндагӣ мекарданд, низ хароб шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ