Наворбардори ТВ Тоҷикистон Зубайдуллои Қодир даргузашт

Зубайдуллои Қодир — наворбардори Телевизиони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон даргузашт. Наздикону пайвандони марҳум мегӯянд, ки ӯ дар сини 60-солагӣ вафот кардааст.

Зубайдуллои Қодир дирӯз, 23-юми апрел дар манзилаш дар ноҳияи Кӯшониён вафот кардааст. Наздикону пайвандонаш мегӯянд, ки ӯ аз бемории қалб фавтидааст.

Марҳум беш аз ду даҳсола наворбардори Телевизиони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон буд. Ӯ мутахассиси кори хуш буд ва шогирдони зиёд ҳам дорад, ки имрӯз дар телевизионҳои гуногуни кишвар фаъолият доранд.

Ҷанозаи марҳум имрӯз, 24-уми апрел соати 10 дар зодгоҳаш — ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён баргузор мегардад.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *