Норак

Дар Норак ноболиғ ҳамсолашро корд зад

Ноболиғе дар шаҳри Норак ду ҳамсолашро бо корд захмӣ кардааст. Бино ба иттиллои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ин ҳодиса шаби 20 ба 21-уми апрели соли равон рух додааст.

Гуфта мешавад, ки тахминан соати 1:30 -дақиқа дар назди хонаи истиқоматиашон бо ду ноболиғи 17-солаи сокинони шаҳри мазкур муноқиша карда, аз ҳиссиёти авбошӣ бо корди дар дасташ буда, 1-маротибагӣ ба шиками ҳардуи онҳо задааст. Дар натиҷа номбурдагон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Ҳоло  аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *