моҳӣ

Моҳигирӣ дар Тоҷикистон манъ шуд

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон аз қатъиян манъ шудани шикори моҳӣ давоми моҳҳои наздик зикр карда, ба қонуншиканҳо ҳушдор дод.

Ба иттилои кумитаи мазкур, манъи сайди моҳӣ дар Тоҷикистон аз моҳи апрел то 15-уми июн идома хоҳад кард. Ин маҳдудият ба марҳилаи тухмгузории моҳиҳо марбут мебошад. Моҳигирӣ дар ин давра метавонад ба ҳифзу такрористеҳсоли моҳӣ таъсири манфӣ расонад.

Ҳушдор дода шудааст, ки тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, барои нақзи ин меъёр ба шахсони ҳуқуқӣ аз 3 то 5, барои шахсони мансабдор аз 10 то 15 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 100 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ шудааст. Ҳаҷми як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар ҷумҳурӣ 68 сомониро ташкил медиҳад.

Гуфа мешавад, ки давоми 15 рӯзи аввали давраи манъи сайди моҳӣ санадҳои азназаргузаронӣ, 5 адад амрнома ва 1 адад протокол оид ба хариду фурӯши моҳӣ тартиб дода шудааст. Инчунин, дар шаҳри Ҳисор 4 сокин, ки бе иҷозат ба харидуфурӯш ва гирифтани захираҳои табиӣ, амсоли ширмоҳӣ машғул буданд, дастгир карда шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *