Оби таъмизшуда ба саломатӣ зарар дорад

Оби таъмизшуда (стерильная вода – оби бо роҳи стерилизатсия софкарда)-ро олимон борҳо сабабгори сарзании бемориҳои аутоиммунӣ (сироятӣ) ва диққи нафас донистанд.

Таҳқиқоти мутахассисони Донишгоҳи Колумбияи Британия дар солҳои охир ба чунин хулосабарорӣ водор намудааст. Тавре medobzor. in.ua. иттилоъ медиҳад, олимон эътимод пайдо намудаанд, ки робита бо бактерияҳои об ниҳоят заруру муҳим аст, зеро онҳо ба системаи иммунии одам қувват медиҳанд. Дар доираи лоиҳа олимон таъсири омилҳои муҳитро ба саломатӣ пажӯҳиш карданд. Онҳо муқаррар карданд, ки кӯдакони аз оби таъмизшуда истифодабаранда бештар эҳтимолияти мубталои бемории диққи нафас (астма) шуданро доранд.

Қабул шудааст чунин бишморем, ки истеъмоли оби таъмизшуда баҳри ҳаёти солими инсон ҳатмӣ мебошад. Аммо куллан ин тавр набудааст. Оби таъмизшуда кӯдаконро аз робита бо микробҳои фоиданок маҳрум сохта, боис ба ангезиши диққи нафас дар онҳо мешавад. Ин бемориро   дар кӯдакон занбурӯғи Pichia дар меъдаю рӯда ба вуҷуд меовардааст. Истеъмоли оби таъмизшуда фаъолнокии занбурӯғро дар муҳити нобудшудаи микроорганизмҳо дучанд мекардааст. Бояд зикр намуд, ки пештар аз ин ҳам пажӯҳишҳои илмӣ судбахшии будани организмро дар муҳити на он қадар тоза таъкид карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *