Меҳнат моро муттаҳид мекунад!

 -Меҳнат риштаи дӯстии моро боз ҳам мустаҳкамтар мекунад! Мегӯянд аъзои гурӯҳи тамосии ҷавонони Сомониён (Тоҷикистон) ва Кок-Тош (Қирғизистон).  

Имрӯз дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркуҳи шаҳри Исфара чорабинии муштараки шанбегӣ бо иштироки ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон доир гардид. Чорабинӣ бо ташаббуси аъзои гурӯҳи тамосии ҷавонони деҳаи Сомониён ташкил гардид. Ташаббусионҳоро ҳамсолонашон аз деҳаи Кок-Тош бо хушнудӣ дастгирӣ намуданд.

Дар ҷараёни шанбегӣ ҷавонони ҳамсоядеҳаҳо синфхона ва замини наздиҳавлигии мактаби №64, деҳаи Сомониёнроаз чангу ғубор ва партовҳо тоза намуданд.

Интихоби макони шанбегӣ аз ҷониби ҷавонон бемақсад нест, зеро оғоз аз моҳи сентябри соли равон, маҳз дар синфхонаи мазкур, курсҳои муштараки омӯзиши забони русӣ барои ҳарду деҳа доир мешаванд.

Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи «Тақвияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон» бо дастгирии Барномаи Рушди СММ Тоҷикистон аз ҷониби Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон баргузор шуд. 

                                                                                                                                       Зебоҷон Қурбонова

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *