Обидхон-қорӣ шифо ёфта ба гап даромад

Обидхон-қорӣ Назаров, имоми шинохтаи ӯзбек ва мухолифини ҳукумати феълии Ӯзбекистон, ки панҷ сол пеш дар назди манзилаш дар шаҳраки Стромсунди Шведсия ҳадафи сӯиқасд қарор гирифта буд, баъди маризии тӯлонӣ ба ҳуш омада, ба сухан гуфтан даромадааст. Дар ин бораи писари имоми 59-сола, Довуд Назаров, хабар дод.
Бо вуҷуди беҳтар шудани вазъаш Обидхон-қорӣ Назаров ҳамоно зери назари қатъии духтурон боқӣ мемонад ва мақомоти швед амнияти ӯро таъмин мекунанд, омадааст дар манбаъ.
Обидхон-қорӣ Назаров аз мухолифони президенти қаблии Ӯзбекистон Ислом Каримов буд ва соли 2006 ба Шведсия фирор карда он ҷо паноҳандагӣ гирифт. Ӯ 22 феврали соли 2012 дар назди хонааш мавриди сӯйиқасд гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *