Пешниҳод: Таъсири воситаҳои аёнӣ бештар аст

Бо иқдоми Раёсати кор бо занон ва оилаи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқу амният,  раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ  ва роҳбарони маҳаллаҳои пойтахт вохӯрию мулоқоти фаҳмондадиҳӣ бо сокинони Душанбешаҳр идома дорад.  Ин вохӯриҳо ҳафтае  ду бор- рӯзҳои сешанбею панҷшанбе алҳол дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баргузор шуда истодаанд.

Дар ду ҳафтаи сипаришуда ҳайати гурӯҳи таблиғотию ташвиқотии мазкур бо аҳолии маҳаллаҳои Сурхоб, ба номи Ҳабибулло Назаров,  Аҳрории ноҳияи номбурда дар биноҳои муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии умумии рақамҳои  8, 11, 53  вохӯрию суҳбатҳо доир намуданд.

Дар вохӯриҳо  ёдоварӣ шуд, ки соли гузашта оид ба  ҳуқуқвайронкуниии ноболиғону ҷавонон дар ҳудуди шаҳри Душанбе  121 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба соли 2015 85 ҳолат камтар аст. 14 ҷинояти авбошӣ сар задааст, ки онҳо муноқишаҳои гурӯҳӣ дар байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 91, 32, 86, 92 мебошанд. Вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳо соли гузашта садҳо волидон барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ аз ҷониби судҳо ҷазоҳои маъмурӣ гирифтанд.

Ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳоро ба қайд гирифтан кори осон аст. Муҳимтар пешгирӣ кардани онҳо мебошад, ки   масъулин бештару ҳадафрастар ба роҳ мондани маърифати  ҳуқуқии шаҳрвандонро тақозо менамояд. Ба фикрам, ба мардум дар баробари овардани факту далелҳо воситаҳои аёнӣ – аз қабили намоиши наворҳои фаврӣ ва  аз бойгонии мақомоти милисаю амният, фаъолияти Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳрдорӣ, Маркази худшиносии бонувон  бо муроҷиаткунандагон истифода карда шавад, ҳозирин таъсири тарбиявиашро бештару хубтар эҳсос мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *