«Облава» доимӣ шуд. Ё чӣ тавр даъвати тирамоҳӣ ба охир нарасида, даъватӣ баҳорӣ оғоз шуд?

Даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки аз 1-уми октябр оғоз шуда буд, 30-юми ноябр ба анҷом расид. Вале… Аз вазорати мудофиаи кишвар хабар медиҳанд, ки ҷалби даъватшавандагон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ тамоми сол идома хоҳад кард. Яъне, даъват расман ба анҷом расида бошад ҳам, поён наёфтааст.

Даъвати баҳорӣ оғоз шуд

Аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки тибқи тартиби нав бо анҷоми даъвати тирамоҳӣ маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ амалан шурӯъ мешавад, ки ба гуфти баъзе сокинон вазъи афроди аз хизмат канорагирикунандаро душвор хоҳад кард.

“Агар дар гузашта мавсими даъват фақат ду моҳ идома дошт ва тамоми чорабиниҳо дар ин марҳала анҷом мешуданд, акнун ҷалби шаҳрвандони синни даъватӣ пас аз анҷоми мавсим низ идома хоҳад дошт. Ин як гуна омодагӣ ба мавсими сафарбаркунӣ хоҳад буд”, — мегӯяд, Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати мудофиа.

Шояд  аз ҳамин сабаб гуфта бошанд, ки ғами тобистонро дар баҳору ғами баҳорро дар тобистон бихӯр.

Акнун “шикорӣ”  даъватшавандагон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар тамоми сол тӯл хоҳад кашид.


 Барои қайд:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” 29 январи соли равон вориди амал шуд, ки  дар қиёс ба қонуни қаблӣ тағйири ҷиддӣ ворид гардид.

Тибқи  он, тамоми ҷавонписарони кишвар, аз ҷумла, донишҷӯён, бо хизмати ҳатмии ҳарбӣ фаро гирифта мешаванд ва маҳз пас аз хизмати ҳарбӣ роҳи ҳар фард барои кор дар мақомоти қудративу мулкӣ ҳамвор мешавад.

Ҳамзамон, дар асоси моддаи 37 – и ин қонун шаҳрвандоне, ки қобил ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ҳастанд ва ҳаққи озод шудан аз хизмати ҳарбиро надоранд, метавонанд ба таври ихтиёрӣ маблағи хизмати ҳарбиро супурда, аммо як моҳ аз тамриноти низомӣ гузаранд.

Маблағе, ки барои озод шудан аз хидмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, 25,2 ҳазор сомонӣ (ё 2,2 ҳазор доллар) мебошад.



Ба Ватан набиё!

Андаруни нақлиёти мусофиркаш шоҳиди гуфтугӯе будам, ки бародар ба додари дар кишвари Русия будааш мегуфт: “Ҳоло ба хона набиё, мавсими даъват ба хизмати ҳарбӣ ҳанӯз ба охир нарасидааст, ҳаррӯз дар шаҳр “облава” ҷавононро аз хонаву мактабҳо ба зӯрӣ ба хизмат бурдаистодаанд. Каме сабр кун мавсим ба охир расад баъд билет харида ба хона биё…Шояд то рӯзҳои 28-30 ноябр даъват ба охир расад. Хайр баъд занг мезанам…”

Пас аз ин қоидаи нави Вазорати дифоъ намедонам, ки он бародар бо додараш чӣ мегуфта бошад? Аз эҳтимол дур нест, ки бигӯяд “Дигар ёди Ватан накун!!! Ҳамон ҷо бимон, вагарна…”

Аммо магар метавон, ки ёди Ватану падару модар накард?

«Облава» омили дилшикастагӣ

Чаро ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ фирор мекунанд? Сабаб ин дар чӣ бошад? Дар камҷуръатӣ? Нобоварӣ ба хизмат? Паст будани ҳуввияти миллӣ? Ё чизи дигаре…

Хуб мебуд, агар дар ин раванд Тоҷикистон бо Русия қарордоде ба имзо мерасонданд, ки тибқи он муҳоҷирони меҳнатие, дар синну соли  хизматӣ қарор доранд, аз ҷониби Русия ба хизмати ҳарбӣ даъват карда шаванд. Дар ин сурат дигар барои ҷавонони тоҷикистонӣ роҳи фирор боқӣ намемонад. Ва онҳо хоҳу нохоҳ ба хизмат мераванд. Аммо хуб мебуд, ки мо ҷавононро дар рӯҳияи Ватандӯстӣ тайёр намоем, ки онҳо бидуни ҳич тазйиқу фишору зӯровариву “облава” ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар ихтиёран бираванд.

Зеро бо роҳи фиребу найрангу зӯроварӣ ва “облава”-ҳои мақомот дар замири  ҷавонон тарсу ҳаросу нобовариву дилшикастагиҳо ба миён омадааст.

Вақте «план»  буд намешавад…

Шоҳидони ҳол иброз медоранд, ки дар мавсими даъват ба хизмати ҳарбӣ, раисони ҷамоатҳову  ноҳияҳову шаҳракҳо бо роҳҳои ғайримаъмулии даъват ба хизмат ҷавононро  маҷбурӣ ба хизмат  мефиристонанд, ки ин ҳолат боиси озурдагӣ, ноумедӣ, дилшикастагии ҷавонон гардида, онҳоро дилсард намудааст. Зеро дар аксари ҳолатҳо ҷавонони нодору камбизоату  нотавону дармондагон ба даст афтода маҷбурӣ ба хизмат мераванд, ки дар натиҷа армияи мо аз калу куру шалу дардмандон иборат мегардад. Ва бо ин усул  ҳуқуқу озодиҳои ин гуна ҷавонон коста мегардад. Ҳатто дар ҳолатҳои ногувор ҳангоме, ки як ҷамоат ва ё як ноҳия “план”-ро буд намекунад онҳо ҷавонони ҷамоаташонро аз ҳисоби ҷавонони дигар ҷамоат  ба сафи армия мефиристонанд. То “план”-и иҷро нашуда иҷро гардад. Ва ин мусаллам аст, ки ин кор бидуни “муомила” роҳандозӣ намешавад.

Пас бояд мақомоти кишварро зарур аст, то сари ин ҳама мушкилот андешида, роҳи ҳал биҷӯянд. Вагарна, кӣ медонад бо ин ҳоли табоҳ мо то куҷо хоҳем расид?

Чӣ бояд кард?

Чӣ бояд кард, ки ҷавонон ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ бираванд?  Мисли он ки дар мавсими даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон ҷавонони ин кишвар паси дарҳои комиссариатҳои ҳарбӣ навбат мепоянд то онҳоро ба хизмати ҳарбӣ бибаранд. Чаро мо аз таҷрибаи ҳамсояҳо истифода накунем?!

Агар ба ихтиёриён аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои ҳавасмандгардонии онҳо баъзе имтиёзҳо пешбинӣ мешуд, нуран ало нур мешуд. Масалан, барои онҳое, ки ихтиёрӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар рафтаанд сабукиҳо ва кумак барои дохилшавӣ дар макотиби олӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳо, таҳсилоти ройгон дар муассисаҳои касби техникӣ, ройгон фиристондани ихтиёриён ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишварҳои хориҷӣ, имтиёзҳои иҷтимоӣ ба хонаводаи онҳо аз қабили бо фисади кам пардохт кардани нархи истифодаи қувваи барқ, обу  андози камуналӣ ва ғайра. Ин ҳама ба ҷавонон имконият фароҳам меоваранд, ки бидуни ҳич як зуровариву фишору “облава” ба хизмати ҳарбӣ бираванд.

Агар мо дар ҳақиқат ғами ин кишвару ин милатро бихӯрем бояд барои ба эътидол овардани вазъи носолим чораҳои ҳалкунанда биандешем. Дар чунин як шароити басо ҳасосу тақдирсоз барои миллат мо бояд умед ба неруҳои ҳарбии солиму тавоно, ва ҳушманду ватандӯсту миллатпарвар дошта бошем.

Мухтори Сайидбурҳон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *