Облава: Донишҷӯёнро ҳам ба хизмат мебаранд (Аксҳо)

Якбора садои телефон қатъ шуд. Ҳама ҳамкорон хомӯшона ба ҳамдигар нигаристанд. Муҳаррир ба ман ва наворбардор дастур дод, ки зуд аз пайи тадқиқи ин ҳодиса шавам.

Корманди техникии “Тоҷикистон” Фирдавс Сатторов дар рӯзи рушан, беному нишон ғайб зад. Кормандони ҳафтанома ба таку дав афтоданд. Ҳама дар таҳлука буданд. Хатари чоп нашудани ҳафтанома аз эҳтимол дур набуд. Ба хонааш занг задем. Гуфтанд, ки субҳи барвақт ба кор рафта буд. Шояд дар роҳ нохушие рӯй дода бошад? Кормандони ҳафтанома барои ҷустуҷуй ба беморхонаҳо сафарбар шуданд. Вале ҳама кӯшишҳо  об дар ҳован кӯфтан буд.

Вале ногоҳ занги телефони идора баланд шуд. Аз он тараф садои пуризтироб ба гӯш мерасид:

— Маро қапиданд, облава…

— Куҷо, кӣ?

Якбора садои телефон қатъ шуд. Ҳама ҳамкорон хомӯшона ба ҳамдигар нигаристанд. Муҳаррир ба ман ва наворбардор дастур дод, ки зуд аз пайи тадқиқи ин ҳодиса шавам. Аввал рӯй ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ овардем. Роҳбари комиссариат моро ба хушӣ пазируфт, арзамонро пурсид. Чун аз асли воқеа бохабар буд, бо телефон ба касе  занг зад ва ному насаби ҳамкори моро гирифт ва аз ӯ хоҳиш намуд, то аниқ кунад, ки чунин шахсро овардаанд ва ё на. Нафари дар пушти хатбуда ҷавоби рад дод, ки бо чунин ному насаб ҳеҷ касро ба шуъба наовардаанд. Мо узр пурсидем ва роҳ ҷониби комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино пеш гирифтем.

Одамрабоӣ дар рӯзи равшан

Вақте ба назди комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино расидем, анбуҳи зиёди одамонро дидем, ки ба хотири дидани фарзандону пайвандони худ бо навбат ба комиссарият медаромаданд ва баъди баромадан бо қаҳру ғазаб кормандони онро дашном медоданд, ки фарзанди донишҷӯ ва ё маъюби онҳоро зӯран ба хизмат равона карда истодаанд. Мо ҳам назди қабулгоҳ рафта, ному насаби ҳамкорамонро гуфтем ва хоҳиш намудем, ки дар  бораи он ҷо будан ё нобуданаш ба мо маълумот диҳанд. Аммо нафари қабулкунанда дағалона аз мо пурсид:

— Шумо боз кӣ? Чӣ кора ҳастед?

— Аз ҳафтаномаи “Тоҷикистон”.

-Барои чӣ омадед?

-Як корманди моро аз роҳ дошта, ба комиссариати ҳарбӣ овардаанд, ӯ донишҷӯ ҳам ҳаст. Мо мехоҳем бо роҳбарият сӯҳбат кунем, ки дар кадом асос шахси донишҷӯро зӯран ба комиссариат меоранд?!

– Ҳамкортон тамом, мера хизмат! Роҳбарият боша, қати шумо баринако гапам намезана!

Чун дигар чорае набуд, мо  камераро фаъол карда, наворгириро сар кардем. Ин ҳолатро дида, ҳама кормандони комиссариат ба хотири он, ки дар кадр наафтанд, дарҳоро маҳкам карда, пинҳон шуданд. Вақте камераро хомӯш кардем, нохост дар кушода шуду ду марди тануманд аз дар берун шуданд ва гӯё хавноктарин ҷинояткорро дида бошанд, моро чангол зада, дохили бино ва аз он ҷо ба саҳни ҳавлӣ кашиданд. Дар рӯи ҳавлӣ нафаре дар курсӣ такя карда менишаст ва аз кару фарру ҳашоматаш маълум, ки роҳбари “одамрабоён” маҳз ӯст. Тахминам дуруст баромад. Вай ба ғазаб ба сухан омад:

  -Шумора кӣ иҷоза додааст, ки мақомоти давлатира ба навор гирен?

Ман дар ҷавоб гуфтам, ки рӯзноманигор ҳастам ва ин ҳуқуқи конститутсионии ман аст.

-Аз кадом ҳафтаномаен?

-Ҳафтаномаи “Тоҷикистон”

-Мехонӣ?

-Не, хатм кардам.

-Таваллудат чандай?

-1995.

-Эҳеее ба пои худут омадӣ- ку! Бар ай камисия гузаронуш рост хизмат роиш мекунем бо и мора барнома мекардай! Барномара да хизмат қати ҳамкорут ду каса мекунен, тез баре делаш куне!

Нафари фармоиш гирифта маро кашолакунон дохили бино бурд. Ӯ дар бораам маълумоти пурра гирифт ва фармон дод, ки либосҳоямро кашида, аз комиссия гузарам. Ман ҳам паст наомада, онҳоро аз ғайриқонунӣ кор карданашон огоҳ мекардам. Барояшон таъкид кардам, ки яккаписар ва сардори оила ҳастам. Аммо суханони ман ба гӯши кар азон хондан буду бас.

 Аз гуруснагӣ мемурам

Ҳамин тавр, зӯран фармон доданд, то либосҳоямро кашида аз комиссия гузарам. Ночор либосҳоямро бадар кардам ва аз паси фармони кормандони дағалрафтору даҳонифлоси (суханҳои қабеҳ мегуфт)комисарияти ҳарбӣ гаштам. Дар баробари ман даҳҳо нафар ҷавонони дигар аз комисияи ҳарбӣ мегузаштанд. Аз ҳар кадоме пинҳонӣ мепурсидам, ки чӣ гуна ба ин ҷо афтидаанд. Ҳама як посух доштанд:“Моро ранги худут қапида оварданд”.

Яке мегуфт соатҳо инҷоям ҳеҷ чиз нахӯрдаам, ҳоло аз гуснагӣ мемурам, дигаре даъво мекард, ки ман донишҷӯи фалон донишгоҳам, ҳақ надоранд маро ин ҷо нигоҳ доранд.

Аз нафаре, ки маро аз муоинаи тиббӣ мегузаронд, гуфтам, ки  бо ин рафторатон обрӯи Вазорати мудофиаро паст мекунед, ин амали шумо ғайриқонунӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон ба шумор меравад.  Он шахси масъул боз бо ҳамон дағалӣ ҷавоб дод:

-Кӣ гуфтай мо ғайриқонунӣ кор мекунем? Кори мо сад фоизай аз куҷое қапем мегирем, миёремуш. Ҳама ҳози донишҷую маълиму коргар шудай, кӣ хизмат мекуна?

Ростӣ, баъди ин  посух ба он ҳарбии бадгуфтор дигар чизе нагуфтам ва баъд аз тамом шудани муоинаи таббӣ (Хушбахтона, аз ҳамааш солиму саломат баромадам) нохост ҳамон нафаре, ки маро кашолакунон дохили комиссариат дароварда буд, номамро гирифта садо баровард:

— Лубосота пӯш берун баро!

Ман либосҳоямро пӯшида, аз пасаш баромадам ва дар берун чашмам ба ҳамкорамон Бахтовар Сафаров афтод, ки шояд аз тарс бошад, дириқ- дириқ меларзид. Дуртар аз ӯ роҳбари облава меистод. Он роҳбар норизоёна ба ман нигоҳ карда, гуфт: -Роҳбартон занг зад, мо дар боратон маълумоти пурра гирифтем, ҷавоб шумода.

Вақте ки берун баромадам, як нафар корманди дигари рӯзнома дар назди дар меистод. Дуртар аз ӯ ҳамон корманди субҳ бе ному нишон гумшудаамон Фирдавс Сатторов, корманди ҳафтаномаи “Оила” меистод. Ба ту чӣ шуд, пурсидам аз ӯ.

Субҳ ба кор меомадам. Дар назди бозорчаи маҳаллаи 33 як нафар корманди милитсия наздам омад. Ӯ пурсид, ки куҷо меравам. Дар ҷавоб гуфтам, ки бозорча ва баъдан ҷои кор. Боз пурсид, ки таваллудам соли чанд аст. Соли 1997 аст, гуфтам. Ту дурӯғ мегуӣ, гуфт ва аз дастам гирифта ҷониби шӯъбаи милитсия бурд.

  • Аз ман чӣ мехоҳед? — пурсидам аз ӯ.
  • Ту дурӯғ мегӯӣ, дурӯғгуӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад.

Аз шуъба ду нафари дигар, ки либоси мулкӣ доштанд, ба ӯ ҳамроҳ шуданд ва аз ду тараф аз банди дастам чун ҷинояткор қапида, дохили Мерседес (металлика) тела карда, ба шӯъбаи комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино оварданд. Ҳарчанд гуфтам, ки донишҷӯ ҳастам, ба суханам эътибор надоданд.

Ҳама ба идора баргаштем ва сари мизи бандубасти видео нишастем. Аммо ҳайҳот. Ҳама наворҳои моро кормандони комиссарияти ҳарбӣ бо зурӣ аз дасти наворбардор гирифта, кӯр карда буданд. Хостанд бо ин роҳ амали ғайриқонунии худро пинҳон кунанд. Аммо, офтобро бо доман пинҳон карда намешавад!

Яҳё Маҳмаднабиев,  “Тоҷикистон”

Тафсилоти бештар дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон»


.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *