Ободонӣ хоси Наврӯзи байналмилалист

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар кӯчаи Моёншо Назаршоев

7 апрели соли равон  дар  назди бинои истиқоматии 49-уми кӯчаи Моёншо Назаршоеви ноҳияи Шоҳмансур» майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Ба ин муносибат сокинони бинои мазкур ҳамзамон Иди Наврӯзи байналмилалиро низ ҷашн гирифтанд. Дар тантана сардори Раёсати сохтмон ва хизматрасонии коммуналии Дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе Ҳалима Солеҳова, раиси ноҳияи Шоҳмансур Ҳакимзода Низом Хоҷӣ сухани табрикотӣ карданд. Онҳо ба таваҷҷуҳи бошандагони бино ва хонандагони макотибу меҳмонон расонданд, ки  сохтмони майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакони мазкур  дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 ноябри соли 2017, №717 ҷараён гирифтааст. Фармоишгари он Муассисаи давлатии «Мактабҳо ва иншооти варзишӣ»-и шаҳри Душанбе буда, маблағгузораш шарванди ташаббускор Ашӯров Лоиқ мебошад. Корҳои пудратчигӣ аз тарафи ҶДММ «Саидҷафар» ба анҷом расонида шудааст. Арзиши нархномавӣ мувофиқи санадҳои тасдиқшудаи лоиҳавию нархномавӣ  341620 (сесаду чилу як ҳазору шашсаду бист) сомонӣиро ташкил додааст.

Масоҳати умумии майдончаи варзишӣ 240, 0 ва майдончаи бозии кӯдакон 114,0 метри мураббаъ мебошад.

Ҳалима Солеҳова инчунин хотиррасон шуд, ки соли гузашта бо иқдомоти Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо дастгирии молиявии вазорату кумитаҳо, корхонаю ташкилот ва соҳибкорони алоҳида дар пойтахт беш аз 70 майдончаи варзишию бозии кӯдакон ва гулгаштҳо сохта, ба истифода дода шуданд. Соли равон бошад, сохтмони  зиёда аз 90 майдончаи варзишию бозии кӯдакон ва гулгаштҳо бунёд карда мешаванд.

Э. НАЗАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *