Обу Хавои кишвар

Мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз ва  пагоҳ дар  баъзе ноҳияҳои  Тоҷикистон эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқро пешгӯӣ менамоянд.
Тавре аз агентии  мазкур хабар доданд,16 — 17 август дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон ҳавои софи бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво рӯзона то ба 39 дараҷа хоҳад расид.
Дар вилояти Суғд эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмудат ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво рӯзона ба 38 дараҷа хоҳад расид.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 16-21, рӯзона 27-31; дар шарқи вилоят шабона 6-11,  рӯзона 16-21 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Дар Душанбе низ  ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат  дар назар аст. Ҳаво  шабона 17-19, рӯзона 33- 38 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *