“Оча, биёен баренум” садҳо муҳоҷиронро ба гиря овард (видео)

Сарояндаи навроҳ Аҳлиддини кулобӣ таронаи ҷадидашро бо унвони “Оча, биёен баренум” тариқи Ютуб пешкаши мухлисони савту наво гардонида, тамоми муҳоҷирони тоҷикро ба гиря даровардааст.

Суруд бисёр ғамгин ва таъсирбахш буда, сароянда азобу машаққати бачаҳои тоҷикро дар Русия ба риштаи тасвир кашидааст. Дар клипи Аҳлиддин муҳоҷирон дар сари ҳар қадам дар мулки ғурбат бо ягон бало рӯ ба рӯ гашта, хориву зорӣ ва азиятҳои зиёде мекашанд. Худи Аҳлиддин дар клип дар қатори муҳоҷирон қарор дорад ва дандон ба дандон монда, ба ранҷу азоби мулки ғарибӣ тоқат мекунад. Сароянда ашки талх рехта, аз модараш хоҳиш мекунад, ки ӯро аз ин дӯзах халос карда, ба хона баранд…

Ислом ном тоҷикбачаи аробакаш аз бозори Люблино мегӯяд, рӯзе нест, ки ин сурудро гӯш карда, ашк нарезад. Ба ғайр аз ӯ боз даҳҳо нафар тоҷикони ин бозор “Оча, биёен баренум” –ро тамошо карда, бо ёди падару модар, ватан ва пайвандони хеш оби дида мерезанд. Дар бозори Люблино суруди «Оча биёен баренум» маҳбубияти зиёд пайдо карда, яке аз таронаҳои дӯстдоштатарини муҳоҷирони тоҷик ба шумор меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *