Ошуб дар маҳбаси  Хуҷанд

Манобеи Радиои Озодӣ хабар додаанд, ки шаби 7-уми ноябр дар зиндони низомаш сангини шаҳри Хуҷанд (воқеъ дар маҳаллаи 16-ум ва наздикии Идораи Бозрасии Давлатии Автомобилӣ) шӯриш ба амал омадааст.

Дар бораи сабабҳои шӯриш маълумоти дақиқ дар даст нест. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бар асари задухӯрд хисороти ҷонӣ ҳаст, аммо теъдоди кушташудаҳо ва захмиҳо маълум нест.

«Нирӯҳо зуд ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда ва ошӯбгаронро пахш карданд. Онҳо асосан бо силоҳи сард ҳамла карда буданд», — афзуд як манбаъ.

 Ҳамсуҳбати мо гуфт, ҳоло мақомот ба таҳқиқи ҳодиса шуруъ кардаанд ва сабабҳои ошӯб ва теъдоди захмиҳову афроди безарар гардондашуда мушаххас хоҳад шуд.

Дар мавриди ин ки оё касе аз маҳбусон фирор кардааст ё не, иттилое дар даст нест. Як манбаи дигари огоҳ аз ҳодиса гуфт, ҳоло теъдоди зиёди нирӯҳои интизомӣ дар вилояти Суғд ба хидмати шабонарӯзӣ ҷалб шуда, махсусан дар дарвозаҳои вурудӣ ба Хуҷанд фаъол гардидаанд.

Мақомоти расмӣ ҳанӯз дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Аммо навбатдори Идораи зиндонҳо дар шаҳри Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфт, «мақомот «Бонги хатар» эълон кардаанд, вале тирпаррониву фирори маҳбусон нашудааст».

Ӯ гуфт, «Бонги хатар» ба набати аввал ба афсарон ва кормандони ҳамаи маҳбасҳо, ки зери назорати ин ниҳод аст, дахл дорад ва онҳо дар ҳолати омодабош оварда шудаанд. Навбатдор ҷузъиёти онро ки чӣ амалҳое дар доираи ин «Бонги хатар» роҳандозӣ мешавад ва то кай давом мекунад, бинобар махфӣ будани он ошкор накард.

Танҳо гуфт, ҳар замон чунин «Бонги хатар» ва ба ҳолати омодабош овардани афсарони раёсати назорати маҳбасҳо ва худи зиндонҳоро амалӣ мекунанд.

 Дар гузашта баъзе аз маҳбусон талош карда буданд, ки аз зиндони шаҳри Хуҷанд фирор кунанд. Танҳо дар соли 2016 ду мавриди фирори маҳбусон аз зиндони рақами 3/3-и Хуҷанд сабт шуда буд. Баъзе аз ин маҳбусон ҳангоми фирор кушта шуда, бархеи дигар пас аз муддатҳо боздошту зиндонӣ гардидаанд.

Пурсарусадотарин мавриди фирор аз маҳбасҳои Тоҷикистон, ки бо барканории раиси вақти Кумитаи давлатии миллӣ Хайриддин Абдураҳимов ва тақрибан ҳамаи муовинони ӯ анҷом ёфт, фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи ин кумита дар Душанбе дар моҳи августи соли 2010 буд.

Амалиёти таъқиби маҳбусони фирорӣ то боздошти охирин нафари онҳо дар маҷмӯъ 1 солу 3 моҳ тӯл кашид. Дар ҷараёни ин амалиёт, ба ҳисоби мақомот, 14 нафар дастгир ва 7 тан аз фирориҳо кушта шудаанд.

«Озодӣ»

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *