Оча, Россия мерам!
Ҳар сол бо фаро расидани фасли баҳор муҳоҷирони тоҷик мисли селаи турнаҳо фавҷ-фавҷ ба Русия сафар мекунанд. Қатлу ғоратгарӣ, ҳамлаи миллатгароёнаи фашистони навбаромади рус, гурезо-гурез ва таъқиби полис, мушкилоти манзил ва дар таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, депортатсия, хатари “кидат” кардани корфармоён, ба осмони ҳафтум дакка хӯрдани нархи чиптаи ҳавопаймо ва боз ҳазорон мушкилоти дигар муҳоҷиронро домангир аст, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда барои аксари ҷавонмардон ва ҳатто ҷавонзанҳои тоҷик Русия хонаи умед аст. Чаро мардуми тоҷик бахти худро дар ин кишвар меҷӯянд? Муҳоҷиронро чӣ ба сафар намудан ба мулки бегона водор месозад? Барои посух гирифтан ба ин саволҳо мо ба фурудгоҳи ҳавоии пойтахт рафта, бо чанде аз мусофирон ҳамсуҳбат гаштем.
Ҳанифа, муҳоҷирзан:
Кадом дардамро гӯям?!
-Салом! Апаҷон, мебахшед, як дақиқа вақтатонро бигирем, мумкин?
-Марҳамат!
-Ба як саволи мо мушаххас ҷавоб диҳед. Шуморо чӣ водор намуд, ки билети парвоз ба шаҳри Маскавро харидорӣ намоед?
-Эҳ додари апаш, дардам зиёд, агар ҳамаашро ба шумо нақл кунам, аз ҳавопаймо дер мекунам! Замона чунин шудааст, ки баъди сари падару модар, на бародар туро дастгир мешудаасту на апаю хоҳар, аз худат, ки мондӣ, аз дунё мемонӣ! Шавҳари бенангу беномусам маро бо се фарзанд талоқ дода аз дар берун карду зани ҷавон гирифт. Росташро гӯям, гумон доштам, ки бародаронам маро соҳибӣ карда, саробони сарам мешаванд, вале хаёлам хом баромад. Хӯрондану пӯшондан он тараф истад, онҳо маро ҳатто ба хонаашон роҳ надоданд. Аз маҷбурӣ ночор ба Русия сафар карда истодаам, то кор карда, пул ҷамъ кунам ва барои бачаҳоям ягон кулбачаи хоксорона харида, кӯдаконамро аз дари мардум ғундорам.
Абдуллои Амрулло:
Муҳоҷиронро мебинаму зиқ мешавам
-Муҳоҷирати меҳнатӣ имрӯз тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст, вале Тоҷикистон кишвари интиқолдиҳандаи қувваи арзони корист. Муҳоҷирони мо барои дарёфти ризқу рӯзӣ асосан ба Федератсияи Россия, Қазоқистон, Украина ва Аморати муттаҳидаи Араб мераванд. Кишваре, ки шумораи аз ҳама бештари муҳоҷирони кории тоҷикро қабул мекунад, ин Россия аст, аммо касе фикри фароҳам овардани шароитҳои зарурии кориро барои муҳоҷирони тоҷик намекунад. Мо, тоҷикон то ҳол дар симои халқи рус ҳамон бародарони замони шӯравиро мебинем, вале ақидаи халқи рус дар бораи мардуми тоҷик тамоман дигар шудааст. Имрӯз тоҷик дар назари рус террорист, ваҳшӣ, интиқолдиҳандаи маводи мухаддир, таҷовузкор ва ғоратгару қотил менамояд, аз ҳамин хотир муносибат бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия бисёр бад аст. Муҳоҷиронро сари ҳар қадам озор медиҳанд, ҳуқуқҳояшонро поймол мекунанд, мезананд, мекушанд, аммо тоҷик боз ба Русия меравад, чунки дигар ҷойи рафтан надорад. Ростӣ, ман аҳволи муҳоҷиронро дида бисёр зиқ мешавам!
Саидҷон Нуров: муҳоҷир
Бо дили пурхун меравам
-Мебахшед, шумо ба куҷо шитоб доред?
-Ба фурудгоҳ, ба шаҳри Краснодар бояд парвоз кунам.
-Сабаби ба ин шаҳр раҳсипор шуданатон чист?
-Эҳ, беҳтараш напурсед додарҷон! Ман фарзанди калонии хонаамон ҳастам. Падар надорам. Додаракам ба касалии саратони майна гирифтор шудааст. Худатон нағз медонед, ки бо ин беморӣ шӯхӣ карда намешавад. Барои табобат пули калон лозим аст. Нафақаи ночизе, ки модарам мегирад, ҳатто ба пардохти ҳаққи барқ намерасад, барои ҳамин ман миёнамро маҳкам баста ба Русия пулкоркунӣ рафта истодаам. Пеш аз баромадан аз хона додараки беморам маро ба оғӯш гирифта гуфт, ки акаҷон, илтимос, зудтар баргардед ва маро ба Ҳиндустон барои табобат бурда, ҷони ҷавонамро харед. Ин гапро шунида ҷигарам хун шуд. Бо дили пурғам азми сафар дорам….
-Дуо мекунем, ки Худованд пеши роҳатонро кушояду соҳиби ҷойи кори хуб шуда ба муроди дилатон бирасед!
Бедил Ҳасанов:
Мулки мардумро хонаи очаашон гумон мекунанд
Чандин сол шуд, ки ман ба Федератсияи Россия рафта меоям ва аз бархӯрди мардуми таҳҷоӣ нисбат ба сокинони Осиёи Марказӣ гоҳо дар тааҷуб меафтам. Қисми зиёди онҳо вақте бо мардуми осиёӣ рӯ ба рӯ мешаванд, дар зеҳнашон андешае пайдо мешавад, ки мо ҳамагӣ бесавод ва ваҳшӣ ҳастем, вале бубинанд, ки муҳоҷири тоҷик ё узбек забони русӣ ва қоидаҳои муоширатро медонад, муносибаташон дигар мешавад. Мутаассифона, баъзе муҳоҷирон Русияро хонаи очаашон гумон карда, чӣ гунае, ки ба падару модарашон эркагӣ мекарданд, ҳамон хел рафтор менамоянд ва ба ғазаби халқи рус гирифтор мешаванд. Хуб мешуд, ки муҳоҷирон аввал тарзи рафтору муносибатро омӯхта, баъд ба мулки бегона сафар кунанд.
Фарҳод собиров: муҳоҷир
Дар Русия дарахти пул намерӯяд, вале…
Кӣ мехоҳад, ки дур аз Ватан ва модару зану фарзандонаш зиндагӣ кунад? Касе инро намехоҳад, вале мушкилоти зиндагӣ моро маҷбур месозад, ки тарки хонаву дар намуда, аз пушти ризқу рӯзӣ ба мулки мардум сафар кунем. Шахсан ман донишгоҳро бо дипломи сурх хатм кардаам, вале ҳарчанд кӯшиш кардам дар Ватан ягон кори муносиб наёфтам. 700-800 сомоние, ки ҳар моҳ дар ин ҷо ба коргарон медиҳанд, ҳатто ба маводи хӯрока намерасад, барои ҳамин мо, мардон маҷбур мешавем, ки ба бегонаҳо хизмат карда, фарзандонамонро хӯронем, пӯшонем, ба воя расонида хононем ва соҳиби хонаву дар гардонем. Мардаки бечора ҷони худро дар хатар гузошта, хунукиро хунукию гармиро гармӣ нагуфта хар барин кор мекунад, ки чор танга пул ёбад, вале баъзе занҳои беақл пули бо хуни ҷигар ёфтаи шавҳарашонро дар ду рӯз сарф карда, боз дар сари марди муҳоҷир чормағз мешикананд, ки пул фирист. Фикр намекунанд, ки дар Россия дарахти пул намерӯяд, ки бемалол аз шохаҳояш доллар чида ба хонаат фиристӣ. Ман аз ҳамаи занҳои тоҷик хоҳиш мекунам, ки ба қадри заҳмати мардони муҳоҷир расида, сарфакориро биомӯзанд.
Суҳбаторо Рустам Азимӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ