Қочоқи об ба Қирғизистон нарасид
Аз ошкор шудани як далели қочоки коло дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон хабар додааст.
Бино ба маълумоти Дафтари матбуотии ниҳоди мазкур, дар амалиёти муштараке бо Хадамоти давлатии марзбонии ин кишвар дар рустои Карабаки вилояти Боткен, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад аст, мошини тамғаи “Хундай Портер” таҳти идораи С.Д., шаҳрванди Қирғизистон нигоҳ дошта шуд. Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили он 6600 шишаи оби ошомиданӣ (Pepsu, Mirimda, Sadafplus) ошкор гардид, ки аз Тоҷикистон оварда шудааст. Маблағи умумии он 105 ҳазору 600 сом, муодили 1500 долларро ташкил медодааст: “Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ