“Шоистатарин духтари СММ-2016”: Либоси миллии Тоҷикӣ баранда гашт (Видео)

Намояндаи Тоҷикистон дар озмуни “Шоистатарин духтари СММ-2016” барандаи озмуни «Беҳтарин либоси миллӣ» шуд. Вай гуфт, тоқии гулдӯзиро хоҳараш аз Тоҷикистон фиристода ва онҳо камзӯли бахмали зардӯзиро дар Амрико таҳия кардаанд.

Намояндаи Тоҷикистон Шаҳнози Эроншоҳ дар озмуни «Беҳтарин либоси миллӣ»-и ҷашнвораи «Шоистатарин духтари СММ» баранда шуд. Озмун шоми 12 август дар шаҳри Солтлейк ситии иёлати Ютаи Амрико натиҷагирӣ шуд ва намояндаи Итолиё барандаи ҷоизаи аслии ин озмун гардид.

Намояндаи Тоҷикистон Шаҳнози Эроншоҳ дар миёни 10 шоистатарин духтари ширкатдори озмун то бахши ниҳоии озмун расид.

Ҳамаи ин, ба гуфтаи Шаҳнози Эроншоҳ, як ҳунар ва мактаб аст ва ӯ умед дорад, ки ин марҳила дар зиндагиаш баъди шурӯи кор дар соҳаи дипломатияи байналмилалӣ ёрӣ хоҳад кард.

кардааст. Ӯ зодаи шаҳри Душанбе буда, бо аҳли хонаводааш дар дусолагӣ ба Русия кӯчид ва то 18-солагӣ он ҷо зиндагӣ кард.

Cоли 2011 барандаи озмуни “Шоистататарин духтари СММ” Нилуфар Шерзод, як духтари дигаре аз Тоҷикистон шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *