Фаррух Амонатов дар Мусобиқаи байналмилалӣ дар Озарбойҷон мақоми аввалро гирифт

 Шоҳмотбози маъруфи тоҷик Фаррух Амонатов дар 5-умин Мусобиқаи байналмиллалӣ оид ба шоҳмот, ки чанде пеш  дар Озарбойҷон баргузор шуд,  ба гирифтани ҷои аввал шарафёб гардид. Дар ин бора АИ «Спутник» иттилоъ дод.

Сабқат аз рӯи низоми бозии шветсарӣ-9 давр дар 90 дақиқа + 30 сония барои ҳар гардиш сурат гирифт. Бозиҳо байни панҷ гурӯҳ- Group A (+2050), Group B (-2050), Group C (U14), Maral Cup (Women) ва Group D (Blitz) гузаронида шуд. Гроссмейстери тоҷик Фаррух Амонатов дар гурӯҳи A (+2050) бозӣ кард.

Дар мусобиқа 64 варзишгар аз Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Эрон, Қазоқистон, Ҳиндустон, Чехия ва Украина иштирок карданд.

Мувофиқи шартҳои бозӣ ғолибон аз рӯи холҳои бадастоварда муайян карда шуданд, дар сурати баробар будани холҳо нишондодҳои зерин: вохӯрии шахсӣ ва шумораи ғолибият ба назар гирифта шуд.

Аз рӯи натиҷаи 9 давр Фаррух Амонатов бо ба даст овардани 7 хол соҳиби мақоми аввал гардид. Намояндаи Эрон Эҳсон Маҳамӣ низ 7 хол гирифт,  вале ӯ бо дарназардошти имтиёзҳои иловагӣ ҷои дуюмро сазовор шуд. Ҷои сеюмро намояндаи Украина Андрей Суметс бо гирифтани 6,5 хол ба даст овард.

Ёдовар мешавем, ки ин ғолибияти аввалини Фаррух дар мусобиқаҳои байналмиллалии мавсимӣ  набуда, қаблан ӯ дар 10-умин Мусобиқаи байналмиллалӣ ба хотираи  Георгий Агзамов дар шаҳри Тошканд ҷои аввалро сазовор шуд. Ҳамчунин Фаррух Амонатов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё  оид ба шоҳмот дар шаҳри Алмаато   ширкат карда, сазовори ҷои якум гардид. Дар Чемпионати кушоди Россия моҳи майи соли гузашта ӯ ҷои дуюмро соҳиб шуд. Охири соли гузашта Фаррух Амонатов дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи М.И. Чигорин беҳтарин дониста шуд, моҳи январи соли 2016 бошад дар чунин сабқати байналмилалӣ дар шаҳри Таганрог ба гирифтани мақоми аввал ноил гардид.

Фаррух Амонатов айни ҳол ягона гроссмейстери байналмилалӣ аз Тоҷикистон ва беҳтарин шоҳмотбози кишвари мо маҳсуб меёбад: тибқи раддабандии Федератсияи байналмилалии шоҳмот ӯ ҳам дар байни шоҳмотбозони феълии Тоҷикистон ва ҳам аз замони роҳандозии раддабандӣ дар Тоҷикистон пешсафи ягона аст. Номи ӯ ба рӯйхати 30 шоҳмотбози беҳтарини қораи Осиё ворид шудааст.

Гроссмейстери байналмилалии 37-солаи тоҷик чанд соли охир дар Санкт-Петербурги Россия умр ба сар мебарад.

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.