Қочоқи «Porsche Cayenne” ба даст уфтод

Додситонии Русия мегӯяд, дар робита ба қочоқи 4 мошини «Porsche Cayenne” аз Аврупо ба Тоҷикистон ва сарпечӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ ба маблағи 22 миллион рубл парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Ин мошинҳоро дар байни маҳсулоти ҷомашӯӣ пинҳон карда буданд.

Додситонии кулли Русия рӯзи 10 март хабар дод, ки додситонии нақлиёти ҳавзаи Шимолу Ғарб алайҳи соҳибкорони тоҷике, ки мехостанд 4 мошини «Porsche Cayenne” ва қисмҳои эҳтиётиро ба таври қочоқӣ аз Аврупо ба Тоҷикистон интиқол диҳанд, парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи расмии додситонии кулли Русия, дар натиҷаи санҷиши додситонӣ «маълум шуд, ки дар як қатори роҳи оҳан, ки аз Ҷумҳурии Литва тавассути вилояти Псков ба Тоҷикистон мерафт, ба ҷуз аз маҳсулоти ҷомашӯии дар гумрук сабтшуда ҳамчунин ба таври ғайриқонунӣ 4 мошини «Porsche Cayenne” ва қисмҳои эҳтиётии васоили нақлиётӣ интиқол дода мешуд. Маблағи боҷу хироҷи гумрукии пардохтнашуда 22 миллиону 317 ҳазор рублро ташкил медиҳад.”

22,317 миллион рубл бо қурби имрӯза тақрибан 380 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Додситонии кулли Русия мегӯяд, ки мақомоти гумруки вилояти Псков алайҳи соҳибони ин бор бар асоси қисми дуюми моддаи 194-уми Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми сарпечӣ аз пардохти боҷу хироҷи гумрукӣ ба маблағи бузург парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ин банди қонуни Русия ҳамчун муҷозот аз ҷарима ба маблағи 300-500 ҳазор рубл то 5 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад.

Идораи гумруки вилояти Пскови Русия моҳи октябри соли 2016 хабар дода буд, ки дар посгоҳи гумрукии Себеж дар марз бо Литва ҳангоми тафтиши як қатори роҳи оҳан, ки аз шаҳри Вилнюси Литва ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон мерафт, дар байни маҳсулоти ҷомашӯӣ 4 мошини «Porsche Cayenne”, ки дар санадҳои гумрукии бор нишон дода нашуда буд, пайдо кардаанд.

Дар иттилоияи идораи гумруки Псков дар ин робита аз ҷумла гуфта мешуд: «Ҳангоми тафтиш маъмурони гумрук вагонро кушода, диданд, ки дар паси халтаҳои маҳсулоти ҷомашӯъ паллетҳо бо блокҳои бетону керамзит гузошта шудаанд. Баъди фаровардану аз нав баркашидани бор маълум шуд, ки дар вагон бори декларатсиянашуда – 4 мошини кӯҳнаи «Porsche Cayenne” низ ҳаст.Бино ба тафтиши муқаддамотии дафтари Интерпол дар вилояти Псков, яке аз ин мошинҳо дар Иттиҳоди Аврупо ҳамчун мошини дуздишуда сабт шудааст.”

Пулиси Латвия аз анҷоми тафтиши парвандаи шабакае хабар дод, ки аъзояш мехостанд 20 мошини гаронбаҳои дуздиро аз Аврупо ба Тоҷикистон қочоқ кунанд. Дар байни боздоштшудаҳо зодагони Тоҷикистон ҳам ҳастанд.

Дар солҳои охир дар матбуоти Аврупо дар бораи ба як бозори «обулой”-и мошинҳои дар Аврупо дуздишуда табдил ёфтани Тоҷикистон гузоришҳои зиёд ба нашр мерасанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *