Қимати барқ боз ҳам боло рафт

Дар Тоҷикистон қимати нерӯи барқ барои бархе аз муштариёни ширкати “Барқи тоҷик” боло бурда шуд. Дар ин робита қарори раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон содир шудааст. ​Тибқи ин қарор, нархи нерӯи барқ барои истифодабарандагони соҳаи будҷавӣ, соҳаҳои коммуналӣ ва иншооти варзишӣ аз 14,20 дирами қаблӣ то ба 14,65 боло бурда шудааст. Ҳамин тариқ, қимати нерӯи барқ барои нақлиёти барқӣ низ аз 9,55 дирами қаблӣ то ба 14,65 дирам гарон мешавад.

Беш аз ҳама тибқи ин қарор, нархи нерӯи барқ барои деҳқонон, ки тариқи пойгоҳҳои обкашонӣ полезҳояшонро обшор мекунанд, гарон шуд. Нархи барқ барои пойгоҳҳои обкашонии Оҷонсии беҳдошти замин аз 2,55 дирами қаблӣ то ба 5,1 дирам боло бурда шуд. Зимнан, ин қимат танҳо ба фаслҳои гарми сол тааллуқ дорад. Яъне пойгоҳҳои обкашонӣ танҳо аз 1-уми апрел то 30-уми сентябр барои як киловатт соат нерӯи барқ 5,1 дирам ва дар моҳҳои боқимонда ба мисли аҳолӣ 14,65 дирам пардохт хоҳанд кард.

Аммо болоравии қиммати нерӯи барқ ба ширкати тавлиди алюминиюм “Талко” дахл накардааст. Нархи нерӯи барқ барои ин ширкат ҳамоно бетағйир боқӣ мондааст. “Талко” милси пешин як киловатт/соат нерӯи барқро аз 1-уми май то 30-уми сентябр бо қиммати 7,20 дирам ва дар моҳҳои боқимондаи сол бо нархи 11,80 дирам дастрас мекунад.

Ҳарчанд ин қарор дар санаи 24-уми феврал ба имзо расидааст, аммо санаи иҷроиши он аз 1-уми январи соли равон дарҷ шудааст. Яъне ширкати “Барқи тоҷик” ҳаққ дорад аз муштариёнаш аз моҳи январ сар карда ин нархро талаб кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *