Одамрабоӣ дар Русия

Пулиси шаҳри Москва як гуруҳи ӯзбекистониҳои аз 20 то 26-соларо боздошт кардааст, ки дар тамаъҷуӣ ва рабудани ҳамватанони худ айбдор мешаванд. Ба иттилои пулис, ин гуруҳ бар ивази раҳоии ҳамватанонашон, аз наздикони онҳо то зиёда аз ним миллион рубл талаб мекардаанд.

Рӯзи 24 март шаҳрванди Ӯзбекистон бо номи Зоҳирҷон ба шуъбаи пулиси минтақаи Троитский ва Новомосковскийи шаҳри Москва муроҷиат карда, гуфтааст, афроди номаълум 2 рӯз пеш ҳамсари ӯ — Гулилолаи 33-соларо рабуда, бар ивази раҳоияш аз вай хостаанд, ки дар як корти бонкии «Сбербанк» 15 ҳазор рубл гузаронад.

Ба гуфтаи ин мард, одамрабоён ба ӯ занг зада, нахуст 60 ҳазор талаб карда буданд, вале ӯ дар суҳбатҳои телефонӣ тавонистааст онро то ба 15 ҳазор рубл поин биорад. Ин гуруҳ пеш аз ҳамсари Зоҳирҷон се мард — шаҳрвандони дигари Ӯзбекистонро низ рабуда, бар ивази раҳоии яке аз онҳо 600 ҳазор рубл хостаанд.

Пулиси Москва мегӯяд, дар натиҷаи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони рабудани афроди мазкур шаҳрвандони Ӯзбекистон Д.Т., О.О.-и 20-сола, С.А.-и 24-сола ва шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон М. дастгир карда шуданд.

Кормандони пулис Гулилоларо дар яке аз манзилҳои воқеъ дар гузари Чечерскийи Москва пайдо кардаанд, ки ӯро шаҳрванди Тоҷикистон -М. нигаҳ медоштааст. Аз аъзои гуруҳ ҳангоми боздошт тапонча ва норинҷаки фиребанда мусодира кардаанд.

Зидди боздоштшудаҳо бо бандҳои «Тамаъҷӯӣ» ва «Одамрабоӣ» парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *