Ниммарафони 9-уми байналмилалии Душанбе

Қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бобати 21 апрели соли равон ба муносибати Рӯзи пойтахт баргузор кардани Ниммарафони IX байналмилалии Душанбе ба имзо расид.
Тавре дар қарор омадааст, мусобиқа бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи пойтахт, оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо  Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоидошта дар масофаи 21 километр доир мешавад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Ниммарафони Душанбе мақоми байналмилалӣ гирифта, дар рӯйхати мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур ворид гардидааст.
Имсол ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил кардани мусобиқа аз ҳисоби маблағҳои махсуси дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе 398 053 сомонӣ ҷудо гардидааст. Варзишгарони миёни мардону бонувон 6 ҷои ифтихоригирифтабо аблағҳои зерини пулӣ мукофотонида мешаванд:
Ҷои 1: 31150 сомонӣ
Ҷои 2: 26700 сомонӣ
Ҷои 3: 22250 сомонӣ
Ҷои 4: 17800 сомонӣ
Ҷои 5: 16020 сомонӣ
Ҷои 6: 13350 сомонӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *