Қодири Қосим ба ҷойи Шерхон Салимзода омад

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ки 20  феврал  доир гардид, Қодири Қосим раиси ин иттифоқ интихоб гардид.

Ӯ дар ин вазифа Шерхон Салимзодаро, ки соли гузашта ба вазифаи директории Агентии давлатии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон таъин гардида буд, иваз кард.

Дар қисмати ташкилии ҷаласа  аризаи собиқ Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Салимзода Шерхон Одина бинобар ба кори дигар гузаштанаш шунида шуд ва бо овоздиҳии кушода ҷонибдорӣ ёфт. Сипас, номзадии Қодири Қосим, собиқ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раёсат ва аъзои Шӯро ба вазифаи Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Баъди интихоби Раиси нави Федератсияи иттифоқҳои касаба масъалаҳои корӣ, аз ҷумла, рафти иҷрои буҷети Федератсияи иттифоқҳои касаба дар соли 2016, дар бораи тасдиқи буҷети Федератсияи иттифоқҳои касаба дар соли 2017, инчунин нақшаи чорабиниҳои Федератсияи иттифоқҳои касаба доир ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 мавриди муҳокима қарор гирифта, нисбат ба ҳар кадоми ин масъалаҳо қарори дахлдор қабул гардид. Раиси тозаинтихоби Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Қодири Қосим ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ин ниҳоди ҷамъиятӣ изҳори ташаккур карда, ба Салимзода Шерхон Одина барори кор хост ва ҳозиринро доир ба дурнамои фаъолияташ дар ин ниҳоди ҷамъиятӣ шинос намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *