Арча қомат рост кард!

«Хайр арчаҳо!». Таҳти ҳамин сарлавҳа 20 феврал дар сомонаамон  луқмаи тасвирӣ ба табъ расонда будем, ки ду  арчаи ҳамешасабз дар арчабоғи  Корхонаи воҳиди далатии табъу нашри «Шарқи озод» бар асари барфи зиёд ва беэътиноии масъулон  решакан гардидааст».

Афсӯс  хӯрдем, ки ин арчаҳо нобуд шудаанд . Шояд таъсири луқмаи сомонаи «Таджикистантаймс»  бошад, ки  субҳи 21 феврал ҳар ду арча қомат рост намуда, боз назаррабоӣ мекунанд.  Як ҳолдон – кормандаи «Шарқи озод» гуфт, ки ду зимистон мешавад, ки арчаи аксбардоршуда аз бори гарони барф меафтаду  масъулони арчабоғ онҳоро рост карда мемонанд ва аҷиб аст, ки арчаҳо ҳамешасабз мемонанд.

Баъдтар маълум шуд, ки боғбони охирин аз кор рафтаву арчабоғ ба ҳоли худ мондааст. Ин мавзеи рӯ ба рӯйи бинои «Шарқи озод», ҳарчанд ки  зуд-зуд боғбонҳояш  иваз мешавад, бахусус баҳорону тобистон гулистонро мемонад.

И. Суварӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *