Ҳофизи номард ҳаётамро сӯхт
21- сола ва донишҷӯ ҳастам. Мухлиси ашаддии як ҳофизи тоҷик будам. Ҳамроҳи ҳамкурсонам бо гулу гулдаста ба ҳама консертҳояш мерафтам.
Дар охирин консерташ сураташро ҳамроҳи худам портрет кардам ва дар шишаи он рақами телефонамро навишта ба вай туҳфа кардам. Пас аз чанд рӯз ҳофизи дӯстдоштаам ба ман занг зада хоҳиш кард, ки дар ягон ҷо вохӯрем. Ин гапро шунида аз хурсандӣ қариб парвоз карда будам. Шамол барин дар як дам ба ҷойи таъинкардааш рафтам. Ман ба ӯ аз нигоҳи аввал писанд омадам. Мо мисли ду дӯсти ҷонӣ аз якдигар ҷудоӣ надоштем. Субҳонаву хӯроки нисфирӯзӣ ва ҳатто ғизои шомро якҷоя мехӯрдем. Суҳбатҳоямон фақат дар бораи донишгоҳ, санъат ва шеъру тарона мегузашт, аз ҳамин сабаб ман ба вай сахт бовар кардам. Вақте ки ӯ бо мошинаш ба донишгоҳ барои гирифтани ман меомад, ҳамкурсонам мегуфтанд, ки ин бача чандон одами хуб наменамояд, худро аз вай дур бигир, вале ман ин суханони онҳоро нишонаи рашку ҳасад пиндошта, аҳамият намедодам. Оҳиста-оҳиста ӯ ба гӯши ман афсонаи ишқ мехондагӣ шуд. Як рӯз ҳамроҳ хӯроки нисфирӯзиро хӯрдему вай маро ба хонааш даъват кард ва мани беақл рад накардам. Ҳофизи машҳур маро ба хонаи зебою барҳаво бурд ва якбора ба оғӯш гирифта лабонашро бар лабонам ниҳода дар гӯшам пичиррос зад: “Ман туро дӯст медорам. Мехоҳам модари фарзандонам бигардӣ. Насиб бошад, модарамро ба хонаатон ба хостгорӣ мефиристам…”
Мани сода ба васвасаи ин шайтони дупо бовар карда, бехабар мондам, ки чӣ тавр гавҳари номусамро ба ӯ бахшидам. Вақте ки ба худ омадам, аллакай кор аз кор гузашта буд. Гиря кардани маро дида, ҳофиз мардона ваъда дод, ки дар байни як моҳ маро бо тӯю тамошо ба никоҳи худ медарорад, вале аз байн як ҳафта нагузашта муносибаташ якбора тағйир ёфт. Дигар ба суроғам намеомад, занг намезад, ба смс-ҳоям ҷавоб намедод. Дилтанг шуда ба суроғаш рафтам, вале дарро ҷавони дигар кушода гуфт, ки ин манзили вай аст ва дӯсти ҳофизаш онро муваққатан ба иҷора гирифта буд. Сарҳисоби корамро гум карда, намедонистам сарамро ба кадом дар бизанам. Рӯзе саргаранг дар кӯча қадам мезадам, ки мошини ношиносе дар наздам қарор гирифт ва аз дарунаш садои ошное ба гӯшам расид: “Духтараки хушрӯй шинос намешавем?” Ҳофизи ваъдахилофро шинохта бо алам гуфтам: “Як бор бо шумо шинос шуда, мазаашро чашидам, дигар ба ин ботлоқи макру фиреб афтидан намехоҳам!” Ҳофиз бовиқор аз мошини наваш фаромад ва дари пешро кушода гуфт: “Бишин, ман ба ту як гапи зарур дорам!” Гумон кардам, ки дар бораи хостгорӣ ҳарф мезанад, вале хаёлам хом баромад. Ин марди айёш мехост боз аз ман коми дил ситонад ва нафси шайтониашро қонеъ созад. Ваъдаашро ба ёдаш расонидам, хандида гуфт: “Ин хобатро ба об гӯй азизам, охир ман девона нестам, ки туро ба занӣ бигирам. “ Сабаб пурсидам. Вай бо нафрат рӯяшро тофта гуфт: “Аз худат фаришта насоз, агар ту духтари худотарсу покдоман мебудӣ, бе никоҳ ба оғӯши ман намедаромадӣ!” Тарбуз аз бағалам афтид, фаҳмидам, ки фиреб хӯрдаам, фиреби сахт. Оби чашмонам беихтиёр ба рӯям шорид ва бехудона пичиррос задам: “Акнун ман чӣ кор мекунам?!” Ҳофиз мағрурона ба ҳоли ман хандида, писханд зад: “Ягон мӯйсафеди занмурда туро ба занӣ мегирифтагист!” Вай ба мошинаш нишаста рафту мани фиребхӯрда бо чашми гирён дар байни кӯча танҳо мондам. Корам шабу рӯз оби дида рехтан аст. Илоҳо Худованд рӯзи сиёҳи маро ба сари духтараш биёрад, то фаҳмад, ки бадномзада шудани духтар чӣ қадар дарднок аст !
Самира, ш. Душанбе
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ