Огоҳии охирин ба гурӯҳҳои ғайрирасмии Бадахшон

Ба ҳафт лидери ғайрирасмӣ дар Бадахшон огоҳии расмӣ дода шудааст, ки аз амалҳои ҷиноӣ даст бардоранд, вагарна муҷозот хоҳанд шуд.

 Ин огоҳиро рӯзи 22-юми октябр дар бинои Прокуратураи вилояти Бадахшон супурдаанд.Бино ба гузорише, ки рӯзи 23-юми октябр бо рамзи телевизиони Бадахшон ба интернет роҳ ёфт, Толиб Айёмбеков, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Ёдгор Мамадасламов, Хурсанд Мазоров, Мунаввар Шанбиев, Зоир Раҷабов ва Амриддин Аловатшоев рӯзи душанбе зери огоҳнома имзо гузоштаанд.Дар ин гузориш лаҳзаи вуруди раҳбарони ғайрирасмии Бадахшон ба бинои Додситонии вилоят низ намоиш дода шудааст.Аз тарафи мақомот огоҳиномаро намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ , Суди олӣ ва ҳукумати вилояти Бадахшон тасдиқ кардаанд. Мақомот мегӯянд, ин огоҳиномаҳо дар шоҳидии Фаромуз Иргашов – намояндаи ҷамъиятии Бадахшон – супурда шуд. Бар асоси огоҳӣ, ки нусхаашро телевизиони Бадахшон намоиш дод, аз лидерони ғайрирасмӣ хоста шудааст, аз

  • «Ташкилу роҳбарии гуруҳҳои ҷиноӣ;
  • Даъват ва ҷалби ҷавонон бо ҳадафи бетартибиҳои оммавӣ ва ғасби бинову иншооти давлатӣ;
  • Қасдан несту нобуд кардани молу мулк;
  • Таҳқири намояндаи ҳукумат;
  • Авбошӣ;
  • Қочоқи маводи мухаддиру силоҳ,
  • “Сходка”
  • ва Роҳ надодан ба содир кардани ҳаракатҳои ғайриқонунӣ бар зидди амнияти давлату ҷомеа» даст кашанд.

“Шарҳи ин ҷиноятҳои вазнин ва моддаҳои марбут ба он фаҳмонда шуд. Онҳо вазифадор шуданд, ки дар сурати риоя накардани талабот омада, дар назди қонун ҷавоб диҳанд”, — гуфта шуд дар гузориши телевизиони Бадахшон.Раиси вилояти Бадахшон Ёдгор Файзов гуфт, гапи ӯ дар ин маврид ҳамонест, ки 16-уми октябр дар ҷаласаи натиҷагирӣ аз фаъолияти ситоди муштараки таъмини амният баён дар Хоруғ карда буд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *