Зани тоҷик дар Макка худкушӣ намуд

Шоми 21 октябр Моҳира Мансурова, як сокини 22-солаи шаҳри Душанбе, худро аз қабати 13-уми як меҳмонхонаи воқеъ дар канори масҷиди Ҳарам дар шаҳри Макка ба замин партофта, худкушӣ кардааст.

Ӯ барои Ҳаҷҷи Умра ба Арабистони Саудӣ рафта буд. Волидонаш гуфтаанд, ки Моҳира Мансурова бемории рӯҳӣ дошт, вале азбаски хеле орзуи сафари Ҳаҷ дошт, бемориашро пинҳон доштаанд. Падару модари ин зоири ҷавонмарг расман забонхат додаанд, ки касеро дар марги ӯ гунаҳкор намешуморанд ва розианд, ки духтарашонро дар Арабистони Саудӣ ба хок супоранд.

Як манбаи сомонаи «Ахбор” аз шаҳри Макка хабар дод, ки шоми 21 октябр яке аз зоирони тоҷик бо номи Моҳира худкушӣ кардааст. Моҳира ҳамроҳи шавҳар ва додару ҳамсари додараш ба Ҳаҷҷи умра рафта буд. Ба гуфтаи манбаи «Ахбор”, ин зан шоми якшанбе худро аз қабати 13-уми бинои меҳмонхона ба замин партофтааст ва ҳоло пулиси Арабистони Саудӣ машғули таҳқиқи ин қазия мебошад. Ӯ гуфт: «Болои сарамон пулисборон шуд аз бегоҳ, талхакаф шудем, ростӣ. Зани хеле ҷавон худашро ба замин партофт.”

Рӯзи 22 октябр дар Кумитаи дин дар сӯҳбат бо сомонаи «Ахбор” ин ҳодисаро тасдиқ карданд. Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин гуфт, сокини Душанбе Моҳира Мансурова, санаи таваллудаш 18 майи соли 1996, дар ҳақиқатҳамроҳи шавҳар ва додару ҳамсари додараш барои анҷоми маносики Ҳаҷ тавассути ширкати «Расул Сохтмон” ба Арабистони Саудӣ рафта буд.

Афшин Муқим тафсилоти ин ҳодисаро аз қавли масъулони ширкати «Расул Сохтмон” чунин нақл кард: «Зоирон қабл аз сафари Ҳаҷ аз ташхиси тиббӣ мегузаранд, вале Моҳира Мансурова бемории рӯҳие доштааст, ки ҳар сари чанд вақт хуруҷ мекардааст ва ба ин далел, ҳангоми ташхис бемории ӯро муайян карда натавонистаанд. Волидони ин зан имрӯз ба масъулони ширкати «Расул Сохтмон” иқрор кардаанд, ки ӯ мариз буд, вале азбаски бисёр мехост, ки сафари Ҳаҷ кунад, бемориашро ҳангоми таҳияи асноди сафари ӯ пинҳон доштаанд, вале ҳам шавҳараш ва ҳам додарашро ҳамроҳи янгааш ҳамроҳ кардаанд, ки ӯро назорат кунанд. Ба гуфтаи волидон, Моҳира хеле илтиҷояшон мекард, иҷозат бидиҳанд, то як бор сафари Ҳаҷ кунад ва онҳо ба ин орзуи дили духтари маризашон не гуфта натавонистаанд.”

Бегоҳи 21 октябр тибқи барнома зоирони тоҷик намози асрро дар масҷиди Ҳарам адо мекунанд. Меҳмонхонаи онҳо дар наздикии ин масҷиди муқаддас ҷойгир шуда будааст.

Баъди адои намоз, ки то хӯрдани хӯроки шом ҳанӯз фурсат буд, аҳли хонаводаи Моҳира Мансурова мехоҳанд намози шомро низ дар масҷиди Ҳарам бихонанд.

Афшин Муқим мегӯяд: «Моҳира Мансурова ба янгааш мегӯяд, ман таҳорат надорам ва ба яке аз таҳоратхонаҳои воқеъ дар назди масҷид медарояд. Янгааш хеле мунтазири ӯ мешавад, вале вай берун намебарояд. Ин вақт азони намози шомро медиҳанд ва янгааш ба масҷид даромада, намозашро мехонад. Вақте ба меҳмонхона бармегарданд, маълум мешавад, ки ӯ аз як дари дигари таҳоратхона берун омада, ба меҳмонхона баргаштааст ва худро аз қабати 13-ум ба замин партофтааст. Видеокамераи меҳмонхона нишон додааст, ки Моҳира Мансурова соати 18:19 вориди бино шуда, баъди чанд дақиқа худкушӣ кардааст.”

Масъулони ширкати «Расул Сохтмон” гуфтанд, ки агар наздикони Моҳира Мансурова онҳоро аз бемории духтарашон пешакӣ огоҳ мекарданд, онҳо метавонистанд ӯро таҳти назорати бештар қарор дода, аз чунин иттифоқи бад пешгирӣ кунанд. «Ҳадди ақал тирезаи утоқашро дар меҳмонхона мебастем, ки пешгирӣ шавад аз чунин кор,” – гуфт намояндаи ширкат.

Ҳар сол бар иловаи беш аз 6 ҳазор зоири тоҷике, ки барои анҷоми маносики Ҳаҷ ба Маккаву Мадина мераванд, садҳо нафари дигар барои Ҳаҷҷи Умра аз Тоҷикистон роҳии он ду шаҳри барои мусалмонон муқаддас мешаванд. Сафари зоирони тоҷик ба Ҳаҷҷи умра тавассути ду ширкати «Расул Сохтмон” ва «Ормон” сурат мегирад.

Ба гуфтаи огоҳони ҳол, қаблан низ дар ҷараёни сафари Ҳаҷ хуруҷ кардани бемориҳои рӯҳии зоирон зиёд мушоҳида мешуд. «Шояд ин як хусусияти ин сарзаминҳои муқаддас аст, ки ҷунуни чунин беморон дар онҷо авҷ мегирад ва бархе ҳатто барои по гузоштан ба он сарзамин бехуд мешаванд ва дарди рӯҳиашон рӯ мезанад. Ба қавле, сарзаминҳои муқаддас мебардорад чунин ҷунуниҳоро,”– гуфт як ҳамсӯҳбати сомонаи «Ахбор” дар шарҳи қазияи охир.

Падару модари Моҳира Мансурова рӯзи 22 октябр тавассути нотариус расман забонхат додаанд, ки дар марги ӯ касеро гунаҳкор намешуморанд ва розӣ ҳастанд, то духтари ҷавонмаргашонро дар Арабистони Саудӣ ба хок бисупоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *