….охир ба дасти малахак!

Шаш шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳукми Додгоҳи шаҳри Маскав аз 3 то 16 сол равонаи зиндон шуданд.

Додгоҳ онҳоро дар ҳамла ба тоҷирони бозорҳои «Садовод” ва «Москва” муҷрим шинохтааст. Комрон Усмонов, ки ба ҳайси раҳбари гурӯҳи ҷиноӣ муаррифӣ шудааст, бо ҳукми суд 16 сол аз озодӣ маҳрум гашт.

Дафтари матбуоти додгоҳ мегӯяд, Усмонов Далер Қориабдиев, Абӯмуслим Азизов, Баҳодури Ҷангибекзода, Бӯстон Етмишев, Шералӣ Аскаров ва дасти кам чор каси дигарро, ки шахсияташон ҳанӯз маълум нест, гирд оварда, аъзоёни ин гурӯҳ дастҷамъона ба тоҷирон ҳамла карда, пулу молашонро ба яғмо мебурдаанд. Аз ҷумла ин роҳзанҳо ба як шаҳрванди Чин, ки дар бозори “Москва” кор мекардааст, ҳамла намуда, 17 миллион рубл, 3 ҳазор доллар, 3 телефони мобилӣ, санадҳои шахсӣ ва картаҳои бонкии ӯро рабудаанд. Акнун аъзоёни ин гурӯҳи ҷиноӣ дар кунҷи зиндон масали машҳури тоҷикии «як бор ҷастӣ малахак, ду бор ҷастӣ малахак, охир ба дасти малахак»-ро ба ёд оварда, ашки надомат хоҳанд рехт…

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *