Ҷои корашро ба фоҳишахона табдил дод
Маъмури як маҷмааи саёҳӣ дар дараи Варзоб бо иттиҳоми ба фоҳишахона табдил додани ҷои кораш дастгир шудааст. Гуфта мешавад, ки ӯ дар ин маҷмааи саёҳӣ барои алоқаи ҷинсӣ шароит фароҳам оварда, аз ҳар ҷуфт 100 сомонӣ «ҳаққи хидмат” мегирифт.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 42-солаи сокини шаҳри Душанбе, маъмурияти яке аз маҷмааҳои саёҳии ноҳияи Варзоб ҳамчун гумонбар дар ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.
Номбурда, ҷои корашро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 23-сола ва зани 32-солаи сокинони пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 100-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Ҳамчунин номбурда рӯзи 14-уми августи соли 2017 ҷои корашро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 29-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва зани 22-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 100-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Айни замон, нисбати ин қазия парванди ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ