Нахустин Озмуни имлои забони англисӣ дар Душанбе

Дар Гўшаи амрикоии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии бевоситаи Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард Озмуни имлои забони англисӣ баргузор гардид, ки дар он 11  нафар довталабон аз Тоҷикистон,  Қазоқистон, Қирғизистон ва Ўзбекистон иштирок намуданд.

Озмуни имло – мусобиқаи маъруф дар Амрико мебошад, ки дар он аз иштирокчиён ҳарф ба ҳарф талаффуз кардан ва навиштани калимаҳо ба забони англисӣ талаб карда мешавад.

Дар ҷамъбаст Элнур Рахматуллин аз Қазоқистон ғолиби Озмун эълон гардид ва ба сифати ҷоиза ба ў ноутбук тўҳфа карда шуд.

Довталабони Озмун  донишҷўёни донишгоҳҳои мухталиф мебошанд. Дар марҳилаи аввал донишҷўён дар озмунҳои маҳаллӣ, ки дар гўшаҳои амрикоии воқеъ дар саросари Осиёи Марказӣ баргузор шуда буданд, иштирок намуданд. Баъдан, се иштирокчии беҳтарин аз ҳар кадом гўша рақобатро идома дода, дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.

Озмуни имлои забони англисӣ дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ бори аввал баргузор гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *