Қоидаҳои наву сангин барои муҳоҷирон

Аз 1 июн то 12 июл ба сабаби баргузории мусобиқоти Ҷоми Конфедератсияи ФИФА дар Русия муҳоҷирони хориҷӣ бояд дар зарфи як рӯз худро дар пулис сабти ном (регистратсия) кунанд. Ин қоидаҳои шадид соли оянда дар давраи баргузории Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Русия низ амал мекунанд.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин фармони вижаеро «Дар бораи истифодаи тадбирҳои шадиди амниятӣ дар даавраи баргузории мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон дар соли 2018 ва Ҷоми Конфедератсияи ФИФА дар соли 2017” имзо кард.

Дар банди чоруми ин фармон, ки дар сомонаи ахбори ҳуқуқии ҳукумати Русия чоп шудааст, гуфта мешавад, ки дар рӯзҳои баргузории ин ду мусобиқа муҳоҷирони хориҷӣ бояд дар зарфи як рӯз аз замони расиданашон ба маҳалли зисти худ дар қаламрави Русия худро дар идораҳои корҳои дохилӣ сабти ном (регистратсия) кунанд.

д) постановка на учет по месту пребывания или регистрация по

месту жительства иностранных граждан и лиц без гражданства,

прибывших для временного пребывания (временного или постоянного

проживания), осуществляется в течение одних суток со дня их

прибытия в место пребывания или место жительства при представлении

документов, предусмотренных законодательством РоссийскойФедерации,

принимающей стороной либо непосредственно иностранными гражданами

или лицами без гражданства в соответствующий территориальный орган

Министерства внутренних дел Российской Федерации;

Аз ҳоло созмонҳои ҳомии ҳуқуқ садои эътироз баланд кардаанд, ки дар зарфи як рӯз худро сабти ном кардани муҳоҷирон дар шӯъбаҳои пулис амалан имкон надорад ва ин садҳо ҳазор муҳоҷирро метавонад аз имкони будубоши қонунӣ дар Русия маҳрум созад.

Бар асоси тавофуқи байни Тоҷикистону Русия, муҳоҷирони тоҷик то ҳол имкон доштанд, ки то 15 рӯз бидуни сабти ном дар Русия ба сар баранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *