Пешвоварз ба ҷойи комсомол!

Ислоҳотҳои сиёсию иҷтимоии 100-солаи  охир дар ҷомеа тағйироту дигаргуниҳои куллиро дар ҳаёти ҷавонон борҳо ворид намудаву қонунӣ кардаанд. Зеро рушди ҷомеаро бе тарбияи дурусти идеологии насли наврас тасаввур карда намешавад. Дар коммунаҳои Фаронсаи буржуазӣ ҷавонон мавқеи хоси худро доштанд. Дар кишварҳои Шарқ низ  равияҳои ҷавонмардӣ аз ҷавонон неру мегирифтанд. Дар ИМА  скаутҳо, дар СССР ва дигар кишварҳои дигари лагери сотсиалистӣ  октябрятҳо (хонандагони синфҳои ибтидоӣ), пионерон (хонандагони синфҳои 5-8) ва комсомолон (ҷавонони аз 16 то 20-сола)-ро ба идеологияҳои дилхоҳи худ фаро мегирифтанд.

Тоҷикистони азизи мо, ки миёни кишварҳои пасошӯравӣ «бародари ҳафтуми сотсиализм» маҳсуб меёфт, баъди бархӯрдорӣ аз неъмати бебаҳои соҳибистиқлолӣ такя ба арзишҳои шӯравии бузург карда, барои насли наврас зинаҳои «Ахтарон», «Сомониён» ва «Ворисони Сомонӣ»-ро таъсис додааст, ки ба воситаи онҳо ояндаи кишварро бо арзишҳои маънавию ахлоқии давлати эҳёгаштаи тоҷикон мусаллаҳ месозад. Афсӯс ки  онҳо шукӯҳу шаҳомати созмонҳои шӯравии дар боло зикршударо соҳиб нашудаанд.

Дар ин росто, баъзе омӯзгорони  муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии Тоҷикистон ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод кардаанд, ки созмони мактабиеро бо номи «Пайрави Пешво» таъсис диҳанд ва талабаҳои синфҳои болоиро ба он аъзо кунанд. Ба пиндори онҳо “Пайрави Пешво”як сохтори монанд ба комсомоли замони шӯравӣ мешавад, ки ба гуфтаи муаллифонаш фазои холимондаи идеологиро дар байни наврасон пур хоҳад кард. Самариддин Афғонов, як намояндаи вазорат гуфтааст, ки  эҳтимол ин идея то соли нави таҳсил баррасӣ шавад.

Мӯсо Асозода, мудири МТМУ рақами 88 –и шаҳри Душанбе ва яке аз ҷонибдорони таъсиси созмони “Пайрави Пешво” тарафдори “матини” ин идея аст, ки муттаҳидиро ташвиқ мекунад. «Мо тамоми хизматҳои Пешвои миллатро дар давоми раҳбариаш ба назар гирифта, ӯро лоиқи ин мақому унвон донистем. Дар доираи ин созмон мо хонандаҳоро ба ҳаёти оянда омода карда метавонем.”

Ман ҳам ҷонибдори таъсиси чунин созмони қавии ҷавонон мебошам. Фақат пешниҳод дорам, ки онро кӯтоҳакак «Пешвоварз» ном гузорем. «Пешвоварз»  ё «Пешвоварзиён» хушнаво аст нисбат ба «Пешвои миллатчиён» гуфтан. Ҳадаф аз ин идея зоҳиран дар дили насли наврас ҷой додани муҳаббат ба Пешвои миллат, тақвияти дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ мебошад.

Эмом НАЗАРОВ,

комсомоли солҳои 60-ум

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *