«Оила» дар Ваҳдат

Имрӯз ҳафтаномаи «Оила» бахшида ба ҷашни 21-умин солгарди Ваҳдати миллӣ бо намояндагони 12 ҷамоати шаҳри Ваҳдат вохӯрӣ ташкил намуд.

Дар ин маҳфили фарҳангӣ намояндагони Ҳукумати шаҳри Ваҳдат, шӯъбаи кор бо занон ва оила, ҳамчунин сокинони ҷамоатҳои гуногун ширкат варзиданд.

Тавре  сармуҳаррири ҳафтаномаи «Оила»  Фирӯза Сатторӣ қайд намуд: Мақсади ин вохӯрӣ шиносоии хонандагон бо аҳли қалами ҳафтаномаи «Оила» ва барқарор намудани иртиботи мустақим бо онҳо, ҳамчунин пешгирии зӯроварии хонаводагӣ мебошад.

Дар ин маҳфили зебои фарҳангӣ аҳли эҷоди ҳафтаномаи «Оила»-ро Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Савринисо Сабзалиева, ҳунарманди машҳур ва маҳбуб Қобилҷон Зарипов, шоираи шинохта Шаҳрияи Аҳтамзод, сарояндагони ҷавону умедбахш Фарзонаи Файз ва Гулдона Алиёрзода ҳамроҳӣ намуданд.

Ҳозирин баромади Савринисо Сабзалиева ва шеърхонии шоира Шаҳрияи Аҳтамзодро бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол гирифта, дар ҳавои сурудҳои марғуби Қобилҷони Зариф, Фарзонаи Файз ва Гулдона Алиёрзода бо шавқи бепоён рақсиданд.

Дар рафти чорабинӣ сокинони шаҳри Ваҳдат ба паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ ва фаъолияти ҳунарию эҷодии меҳмонон мароқ зоҳир намуда, ба саволҳои худ аз ҳозирин посух гирифтанд.

Гузориши пурраи моро аз вохӯрии аҳли қалами ҳафтаномаи «Оила» бо сокинони шаҳри Ваҳдат дар шумораи навбатии «Оила» мутолиа намоед.

Сабти видеоии ин вохӯрии ҷобилро рӯзҳои наздик тариқи сомонаи «Тajikistantimes.com» манзури шумо мегардонем. Бо мо бошед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *