Ҷоиза ба номи Пешвои миллат

Дар Тоҷикистон ҷоизае бо номи  «Пешвои миллат — Эмомалӣ Раҳмон» таъсис ёфт. Ин ҷоиза барои сокинони Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ, ки дар рушди демократия саҳми хос доштанд, тақдим мешавад.

 

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа,гуфтааст,ки  фармони мазкур «дар Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Миллӣ баррасӣ мешавад. Пас аз тасвиб мавриди иҷро қарор хоҳад гирифт”.

Абдуҷаббор Раҳмонзода гуфт, чун ин ҷоизаи давлатӣ аст, қонунгузорӣ талаб мекунад, ки он аз сӯи Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Миллӣ баррасӣ шавад.

Дар фармони президент дар робита ба таъсисиҷоизаи «Пешвои миллат — Эмомалӣ Раҳмон” гуфтамешавад, ин мукофот барои «саҳми хос дар рушди демократия”, «барои устувор кардани сулҳу суботдар ҷомеа” ва «барои рушди дӯстӣ миёни халқҳо” тақдим мешавад.

Зимнан, таъсиси ин ҷоиза яке аз муқаррароти қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат” аст. Ин қонуни конститутсионӣ дар баробари ин ҷоиза таъсиси ордени «Пешвои миллат”-ро пешбинӣ мекунад. Қонуни мазкур ҳамчунон таъсиси Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди осорхона, китобхона ва бойгонии Пешвои миллатро дар назар дорад.

Қарори мазкур як замимаеро ҳам дар бар мегирад, ки дар он чигунагии шакли ҷоиза ва ҳаҷми мукофоти  молии он шарҳ дода мешавад. Ҷоизаи давлатии «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон” аз нишони фахрӣ ва мукофоти пулӣ иборат хоҳад буд.

Ҳалқаи тиллоӣ ва 14 ҳазор доллар

Нишони фахрӣ доирашакл буда, дар миёнаи он акси бо оби тилло ҳаккокишудаи Эмомалӣ Раҳмон ҷой дода хоҳад шуд. Акси Эмомалӣ Раҳмон бо ҳалқаи тиллоӣ аз атроф оро дода мешавад.

Дар қисмати боло ва поёни акс навиштаи «Пешвои миллат” ва дар поёни он «Эмомалӣ Раҳмон” ҷойдода хоҳад шуд. Дар тасвири ин нишони фахрии тиллоӣ гуфта мешавад андозаи он 45 милиметр хоҳад буд.

 

Қисмати дувуми ҷоизаи давлатӣ аз мукофоти пулӣ иборат хоҳад буд. Ҳаҷми ҷоизаи пулӣ 2500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян шудааст, ки айни замон ба 125 ҳазор сомонӣ (беш аз 14 ҳазор доллар) муайян шудааст. Харҷи таҳия ва тақдими мукофоти пулии ҷоиза ва ордени Пешвои миллат мувофиқи қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат” аз ҳисоби буҷети давлат пардохт мешавад.  Дар замимаи фармон гуфта мешавад, номзадҳо барои гирифтани ҷоизаи «Пешвои миллат — ЭмомалӣРаҳмон” аз сӯи вазоратҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ тибқи тартиби муқарраршуда метавонанд пешбарӣ кунанд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода,  мегӯяд, ки дар соли ҷорӣ ин ҷоиза тақдим намешавад. Бар тибқи фармон ҷоизаи мазкур дар тӯли се сол як дафъа тақдим хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *