Азимӣ собит мекунад: генофонди тоҷикон яке аз беҳтаринҳост!

Барномаи муътабари «The Knight-Hennessy Scholars” рӯзи 15 феврал аз байни 3600 довталаб исми 49 нафар барандаи стипендияаш барои таҳсил дар Донишгоҳи Стенфорд, яке аз муътабартарин мактаби олии Амрико ва дунёро эълон кард.

Яке аз ин стипендияҳои бонуфуз насиби донишҷӯи 20-сола аз Тоҷикистон Азизҷон Азимӣ шудааст. Азизҷон Азимӣ, яке аз намояндагони ангуштшумори Тоҷикистон, ки бо қувваи худаш ба Донишгоҳи Ҳарвард – яке аз муътабартарин мактабҳои олии Амрико ва дунё дохил шудааст, боз як бори дигар мояи ифтихори ҳамватанонаш шуд. Азизҷон Азимӣ аз байни 3600 довталаб сазовори яке аз 49 стипендияи барномаи бонуфузи «The Knight-Hennessy Scholars” шуд. Ин стипендия ба рӯи Азимҷон роҳи таҳсил боз дар як мактаби олии муътабари Амрико ва дунё – Донишгоҳи Стенфордро боз мекунад.

Ҳайъати ҳакамони барномаи «The Knight-Hennessy Scholars” рӯзи 15 феврал эълон кард, ки аз байни қариб 3600 довталаб 49 нафарро барои гирифтани бурсияи таҳсил дар Донишгоҳи Стенфорд интихоб кардааст. Яке аз барандаҳо донишҷӯи тоҷик Азизҷон Азимӣ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *