Оли Наҳён ва Президенти Тоҷикистон мулоқот доштанд

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо Шайх Абдулло бин Зойид Оли Наҳён, вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд. 

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Президент.  зимни мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкории сиёсӣ бо Амороти Муттаҳидаи Араб изҳори қаноатмандӣ карда, яксон ва ё наздик будани мавқеи ҷонибҳо оид ба мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ таъкид намудаанд.

Манбаъ афзуд, ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, таъсиси гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ, рушду густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратию сармоягузорӣ ва дар ҳамин замина таъсиси Бунёди муштараки сармоягузорӣ ва Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб, ифтитоҳи бонкҳои тиҷоратии Аморот дар Тоҷикистон инчунин фаъолгардонии кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ зарур шуморида шуд: “Дар мулоқот ҳамчунин ба масъалаи муҳимияти ҳамкории густурдаи дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, аз ҷумла гидроэнергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ, ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Амороти Муттаҳидаи Арабва сайёҳӣ мароқ зоҳир гардид”.

Дар мавриди вазъи амниятии ҷаҳони ислом, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва пешгирию бартараф кардани хатару таҳдидҳои нави ҷаҳони муосир низ ҷонибҳо изҳори ҳамфикрӣ карда, барои тақвияти ҳамдастӣ дар ин самт дар шакли барои ҷонибҳо мақбулу муҳим изҳори омодагӣ намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *