Хуҷанд: Барррасии «Маданияти шаҳрдорӣ

Чи тавре дар гузоришҳои пештара иттилоъ дода будем, роҳбарияти Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда ва дар ин замина пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ силсилавохӯриҳои озоду ошкорои худро бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва масъулини дар таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон манфиатдори шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор намуда истодааст.

Тибқи нақша ин маротиба вохӯрӣ ва мулоқоти озоду ошкорои сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо фаъолон ва ҷомеаи шаҳрвандии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Мулоқоти мазкур дар толори «Кохи Рӯдакӣ» баргузор гарида, дар он масъулии бахшу хадамотҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, раисои кумитаи маҳаллаҳо, роҳбарони доникадаву донишгоҳҳои олии вилоят, директорони мактабҳо, намоянагони шӯроҳои уламо ва бибиотунҳо, афроди бонуфуз ва пирони рӯзгордиаи маҳаллаву кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.

Филми мустанади «Ворисони Аҳриман» чӣ гуна филм аст ва чаро ба намоиш гузошта шуд?

Дар оғози чорабинӣ нахуст филми мустанади «Ворисони Аҳриман», ки аз ҷониби Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд омода шуда, аз ҳаёти талхи ҷавонон тоҷик, ки баъди пайвастан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоиии ифротгаро дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ иштирок доранд, ҳамчунин аз ҷараёни тафтиши парвандаҳоии ҷиноии вобаста ба ҷиноятҳои хусусияти терерористиву экстремистидошта ва бегонапарастии аъзоёни оилаи ин нафарон қисса менамуд, ба намоиш гузошта шуд.

Мулоқот бо сухани ифтитоҳии раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода оғоз гардида, мавсуф аз рафти иҷроиш «Барномаи вилоятии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ барои солҳои 2016-2017» ва корҳои ба анҷомрасонидаи мақомоти маҳаллли ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳарф зад.

Сипас сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон дар маърӯзаи таҳлилии хеш бо истифода аз фотослайдҳо ва видеослайдҳо муаммоҳои ҷойдоштаи шаҳри Хуҷандро мавриди баррасӣ ва чораандешӣ қарор дод. Аз ҷумла зикр намуд, ки новобаста аз кӯшишу талошҳои масъулини мақомоти корҳои дохилӣ баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти дастаҷамъонаи бахшу воҳидҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, аҳли зиё, уламои дин ва фаъолони маҳал баҳри коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ то имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ҳолатҳои истиробангезе ҷой доранд, ки ҳар яки моро бетараф гузошта наметавонад.

10 нафар ҷавонони шаҳри Хуҷанд, ки дар ғайриқонунӣ дар кишварҳои хориҷӣ ба гирифтани таълимоти динӣ машғуланд-даст ба ҷинояткорӣ задаанд

Вазъи содиршавии ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои вазнин ва  махсусан вазнини одамкушӣ, ғоратгарӣ, қаллобӣ ва дуздии амволи ғайр, ҷинояткории ноболиғону ҷавонон, алалхусус дар ҳайати гурӯҳ;  риоя нагардидани талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»;  коста гардидани маърифати ҳуқуқӣ, оила ва шаҳрдорӣ; интизоми пасти иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ; тамоюли  бегонапарастӣ  ва  тақлидкории  занону духтарон ба фарҳангу либоси бегона; вазъи ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои тундрави ҷудоигаро, иштироки онҳо дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи хориҷи кишвар; ба Ватан баргардонидани 10 нафар ҷавонони шаҳри Хуҷанд, ки дар ғайриқонунӣ дар кишварҳои хориҷӣ ба гирифтани таълимоти динӣ машғуланд, берун аз марзи шаҳр, вилоят ва ҳатто ҷумҳурӣ даст ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини раванди экстремистӣ — террористӣ, одамкушӣ, роҳзаниву ғоратгарӣ ва муомилоти ғаӣриқонунӣ бо маводи нашъадор задани сокинони шаҳри Хуҷанд ва дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштани 110 нафар сокинони муқимии шаҳри Хуҷанд аз мавзӯҳои меҳварии вохӯрӣ ва мулоқоти Шариф Назарзода бо аҳолии шаҳри Хуҷандро ташкил менамуд.

Аз мавзӯъҳои дигари меҳварӣ, ки дар мулоқот мавриди баррасии дақиқ қарор дода шуд ин натиҷаҳои фаъолияти амалиёти маърифативу пешгирикунандаи “Маданияти шаҳрдорӣ” мебошад. Дар мулоқот таъкид ёфт, ки бо мақсади коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ ва дар доираи “Барномаи вилоятии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ барои солҳои 2016 — 2017” соли сипаришуда дар 2 марҳила ва соли ҷорӣ — дар арафаи таҷлили Иди байналмиллалии “Наврӯз” — аз 15 феврал то 15 март марҳилаи навбатии амалиёти профилактикии «Маданияти шаҳрдорӣ» гузаронида шуд. Тавре таъкид гардид, барои босамар гузаронидани амалиёти мазкур бо ҷалби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, масъулини Раёсатҳо, Кумитаҳо ва Шӯъбаву бахшҳои дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон манфиатдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, аҳли зиё ва ҷамъиятчигӣ, фаъолони маҳал ва намояндагони васоити ахбори омма 7 гурӯҳҳои муштараки корӣ таъсис ва сафарбар карда шуданд.

                                     Сатҳи ҷинояткорӣ тамоюли пастравӣ дорад

Сардори мақомоти корҳои дохилии вилоят генерал-майори милитсия Шариф Назарзода иброз намуд, ки маҳз дар сатҳи баланди касбӣ ва бо сифати баланди хизматӣ ташкил намудани амалиёти профилактикиву маърифатии “Маданияти шаҳрдорӣ”  буд, ки давоми 4 моҳи соли ҷорӣ вазъи ҷиняткорӣ тамоюли пастравӣ дошта, тамоми ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз қабили одамкушиву ғоратгарӣ, роҳзанӣ ва ҳодисаҳои худкушӣ ва суиқасд ба он нисбати ҳамин давраи соли гузашта хеле кам гардидааст.

Дар мулоқот аз кулли ҷомеаи шаҳрвандии шаҳри Хуҷанд даъват карда шуд, ки дар ҳамкорӣ ва якҷоягӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ дар пешгирӣ ва решакан намудани падидаҳои номатлуби ҷомеа аз қабили ҷинояткорӣ ва хурофотпарастӣ саҳми худро гузоранд ва барои солимии ҷомеа, ҳамчунин аз ҷиҳати маърифати ҳуқуқиву маданияти шаҳрдорӣ намунавӣ муаррифӣ намудани шаҳри Хуҷанд талош варзанд.

Дар қисмати муҳокимарониҳо раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода, раиси Шӯрои бибиотунҳои шаҳри Хуҷанд Мастура Темирова ва якчанд сокинони шаҳри Хуҷанд оиди дар сатҳи баланд қарор доштани ҳамкории милития бо аҳолӣ, ташкили гурӯҳҳои фаъоли корӣ оид ба гузаронидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар байни ноболиғон ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва баргузор намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар доираи амалиёти “Маданияти шаҳрдорӣ” таклифу пешниҳодҳо намуданд.

                                                                                                                       Муҳсин Юсупов

                                                                                                                  лейтенанти калони милитсия

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *