Ғолибияти зебосанами тоҷик дар озмуни зебоии ҷаҳон
Ёсуман Холова, модели 18-сола аз Тоҷикистон дар озмуни зебоии «Miss Global Tourism 2017” дар Чин аз байни 60 довталаб сазовори мақоми дуюм шуда, ҳаққи муаррифии маҷмуаи нави либосҳои тарроҳи маъруфи фаронсавӣ Пер Карденро ба даст овардааст.
Шоми 14 март дар Чин озмуни зебоии «Miss Global Tourism 2017” натиҷагирӣ шуд. Барои дарёфти унвони зеботарин модели дунё дар ин озмун намояндагони 60 кишвар рақобат карданд.
Намояндаи Тоҷикистон Ёсуман Холова дар ин сабқат сазовори ҷои дуюм ва унвони Бонуи дуюми зебои дунё шудааст. Ин пирӯзӣ ба Ёсуман имкон медиҳад, ки маҷмӯаи нави либосҳои тарроҳи маъруфи фаронсавӣ Пер Карденро муаррифӣ кунад.
Ёсуман Холова 18 сол дошта, дастпарвари мактаби моделҳои агентии «Новая Эра” мебошад. Дар ин агентӣ гуфтанд, ки аз пирӯзии дастпарвари худ дар ин озмуни мӯътабар хеле шод шудаанд.
Намояндаи «Новая Эра” гуфтааст: «Ёсуман дар Душанбе ба воя расида, имсол мактаби миёнаро хатм кард ва ҳоло дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат таҳсил мекунад. Ёсуман аз ҷумлаи моделҳои ҷавони ояндадори мост.”
Ёсуман Холова моҳи ноябр дар озмуни Fashion House International дар шаҳри Остонаи Қазоқистон низ пирӯз шуда буд.
Агентии «Новая Эра” яке аз ширкатҳои пештоз дар бозори муди Тоҷикистон буда, ба ҷуз аз мактаби моделҳо ҳамчунин як мактаби рақс ва маркази продюсерӣ ҳам дорад. «Новая Эра” дар тирамоҳи соли 2016 якҷо бо ширкати «Дунёи нав” нахустин Кохи муд дар Тоҷикистонро кушода буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ