Хуҷанд: Фирори ронанда пас аз пахши аъзои як оила

Дар маҳаллаи 13-и шаҳри Хуҷанд ронандае шабона баъди пахши аъзои як оила, зану шавҳар фирор кардааст. Мақомоти корҳои дохилаи Суғд дар ин бора иттилоъ дода мегӯяд, ки баъди садамаи нақлиётӣ ҷавони 26 сола ва ҳамсари 25 солаашро бо бардошти ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба шӯъбаи эҳёи беморхонаи шаҳри Хуҷанд интиқол додаанд. Мақомот мегӯяд, баъди садама тифли 12 ҳафтаинаи Парвина Ҷӯраева ба ҳалокат расида дар беморхона бо роҳи исқоти ҳамл гирифта шудааст. Ҷабрдидаҳо ҳар ду сокинони шаҳри Хуҷанд буда ҳоло вазъи саломатияшон вазнин арзёбӣ карда мешавад. Дар пайи ин садама сокини ҳамин шаҳр, ронандаи 37 сола боздошт гардид, ки дар ҳолати сархушӣ бо нақлиёти «Дэу-Сиело» пиёдагузаронро пахш карда баъдан фирор намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *