Конибодом: Корхонаи Чинро суд мекунанд

Хадамоти гумруки Тоҷикистон корхонаи муштараки сементбаронии Тоҷикистону Чин «Билол Суюлин Семент”-и шаҳри Конибодомро ба саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи қариб 400 ҳазор сомонӣ айбдор карда, ба зидди ин корхона парвандаи ҷиноӣ кушодааст. Ин корхона бояд имсол ба кор шурӯъ мекард..

Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 15 март хабар дод, ки ба зидди мудири корхонаи сементбарории «Билол Суюлин Семент”-и шаҳри Конибодом Абдухалил Маҳмудов бар асоси қисми аввали моддаи 291-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ ба миқдори калон) парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, барои тафтиш ба додситонии шаҳри Конибодом ирсол шудааст. Ин банди қонунгузорӣ ҳамчун муҷозот ҷарима ба маблағи аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 50 сомонист) ваё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то 2 солро пешбинӣ мекунад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷараёни санҷиши мақомоти гуумруки вилояти Суғд дар ин корхона маълум шудааст, ки аз 5 август то 27 декабри соли 2016 ва дар таърихи 6 январи соли ҷорӣ аз Ҷумҳурии мардумии Чин ба корхонаи «Билол Суюлин Семент”, воқеъ дар кӯчаи Камоли Хуҷандӣ, 33-и шаҳри Конибодом 6 мошин таҷҳизоти технологӣ барои истеҳсоли семент ворид гардидааст.

Ин корхона мебоист барои ин таҷҳизот ба маблағи 428 ҳазору 809,95 сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ месупурд, вале то имрӯз ҳамагӣ 32 ҳазор сомонӣ пардохт кардааст.

Маркази матбуоти Хадамоти гумрук мегӯяд: «Шаҳрванд М.А. ҳамчун директории генералии ҶДММ «Билол Суюлин Семент» бар хилофи талаботи моддаҳои 340 — 351 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон қасдан аз супоридани пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи 396 809,95(396 ҳазору 809 сомонию 95 дирам) — ро саркашӣ намуда, дар давоми зиёда аз 6 (шаш) моҳ нисбати таҷҳизоти воридшуда декларатсияи бори гумрукӣ пешниҳод накардааст. Дар натиҷаи саркашӣ намудан аз пардохтҳои гумрукӣ аз ҷониби директори ширкати номбурда М.А. ба буҷети давлат ба маблағи 396 809,95(396 ҳазору 809 сомонию 95 дирам) — ро зарари калон расонида шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *