Талоқ дар «Хонаи бахт» кашолкории кормандони ЗАГС- и шаҳри Кӯлоб ба ин сабаб шуд

Оилаи тоҷик дуруду дуои ҷони мардонеро мекунанд, ки бунёдгарони ҷомеаи орому осудаи имрӯза мебошанд. Ин осудагӣ маҳз бо заҳматҳои шабонарӯзаи фарзанди фарзонаи миллат Пешвои миллат-Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Вале имрӯзҳо як қабил роҳбарону масъулон нисбат ба корафтодагон носипосӣ мекунанд. Инро мо, пеш аз ҳама,  дар фаъолияти  бепарвоёнаи кормандони  идораи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб  мушоҳида менамоем. Онҳо дар ҳуҷҷатгузорӣ мардуми шаҳрро рӯзҳою  моҳҳо саргардон мекунанд. Ҳатто боре  кор то ба дараҷае расид, ки сокини яке аз ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Кӯлоб аз такудавҳои бенатиҷа барои тартиби ҳуҷҷатҳои лозимаи шаҳрвандӣ ба ҷонаш расида,  хонавайрон гашт.

Воқеа бевосита дар назди «Хонаи бахт»- и шаҳр рух дод, дар назди иморати боҳашамате, ки макони пайвастсозӣ, ташкили оилаҳои нав, бо ҳам пайвастани тақдирҳост, на пошхӯрии онҳо. Ва тавре аз гуфтаҳои шоҳидон маълум гашт, зани бечора бинобар сабаби роҳи дароз ва ҳар рӯз барои камтар сарф кардани  маблағи роҳкиро ва  дар бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб аз сари нав навбат гирифтан дар   хонаи яке аз хешовандони худ  меҳмон мешавад, ки шояд пагоҳ барвақт кораш буд шаваду ба назди ҷигарбандонаш равад. Аммо… пагоҳ шавҳари ӯ дар назди мардуми ҷамъомадаи назди САҲШ шаҳр занро талоқ дод!

Дар назди «Хонаи бахт»,  ки САҲШ-и шаҳр дар он ҷойгир аст,  одамони зиёдеро дида, ҳайрон пурсидам, ки барои чӣ ин  ҷамъ омадаанд? Онҳо иброз намуданд, ки «мо 1 моҳ мешавад дар ин ҷо интизорӣ мекашем, вале  то ҳол навбатамон нарасидааст». Яке мегӯяд, ки зиёда аз 100 сомонӣ, дигар мегӯяд, ки 200 сомонӣ маблағ сарф намудам. Кош маблағро гиранду коратро сари вақт ба сомон расонанд. Ба назди мудири бахш муҳтарама  Муъмина Иброҳимова даромаданӣ шудем, вале  муҳофиз садди роҳамон  шуд. Пурсон шудам, ки муҳофиз барои чист? Яке аз онҳо посух дод, ки барои тартиботро риоя намудан. Аз  Иброҳимова дар бораи нархномаҳои ҳуҷҷатгузории САҲШ  ва ба роҳмонии ивазкунии шаҳодатномаи таваллуд  дар ҷамоатҳо суол кардам. ӯ посух дод, ки худашон меоянд, аммо ивазкунии ҳуҷҷат танҳо дар ҳамин ҷо баргузор мешавад. Вале бо гуфти шаҳрвандон, дар ҷамоатҳо низ чунин ҳолат аст ва барои тезтар ба анҷом расондани   ниёзашон маҷбуранд  ба шаҳр оянд. Сабаби асосӣ кам будани теъдоди кормандони штатӣ мебошад.  Аҷиб, барои муҳофизон 30 ҳазор сомонӣ ёфта мешаваду барои кормандони муваққатӣ не?

Ин дафъа низ аз мудири бахш хоҳиш намудам, ки нархномаҳои ҳуҷҷатҳоро  ба ман нишон диҳед, аммо вай худдорӣ намуда гуфт, ки нархнома дар даромадгоҳ аст ва шаҳрвандон метавонанд аз он ҷо истифода баранд. Дар нархномаҳо нархгузорӣ аст, аммо дар бораи иваз намудани шаҳодатномаҳо ягон ҳарфе нест. Оиди ин масъала ман тариқи телефонӣ бо мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Ҳамадонӣ ҳамсуҳбат шудам, ӯ иттилоъ дод, ки шаҳодатномаи бо силсилаи РТЗ аслӣ аст ва ҳоҷати иваз кардани вай нест. Дар ҳақиқат,  оиди ҳамин мазмуни шаҳодатнома тариқи телефонӣ бо мудири шуъбаи САҲШ –и вилояти Хатлон муҳтарам Зинатмо Сафарова ҳамсуҳбат шудам. ӯ иброз намуд, ки шаҳодатномаҳои бо силсилаи РТЗ аслӣ ҳастанд ва ҳоҷати иваз кардани онҳо нест ва шаҳрванд метавонад шиноснома гирад. Пурсон шудам, ки пас чаро мудири бахши САҲШ-и шаҳри Кӯлоб ин гуфтаҳоро рад мекунад. ӯ иброз намуд, ки мудири бахш навкор аст ва бо пуррагӣ сарфаҳм намеравад, оиди ин масъала ман бо ӯ гуфтугӯ мекунам. Пас чӣ бояд кард?   Оиди ҳолати ногувори бахши САҲШ шаҳр пурсон шудам. ӯ иброз намуд, ки ин  аз нарасидани кадрҳост ва  дар мақомоти мо бояд шахсони маълумоти ҳуқуқидошта фаъолият кунанд.

Баъди ин роҳи Хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлобро  пеш гирифтам. Дар хадамот сараввал бо сардори Хадамот майори милиса муҳтарам Иброҳимзода ҳамсуҳбат шудам. ӯ иброз намуд, ки агар як кас аз хадамот барояд ва гӯяд, ки шаҳодатномаи дуварақа намешавад, дигарон ӯро пайгирӣ мекунанд. Қобили зикр аст, ки дар ҷое, ки низом аст, дар он ҷо кор дуруст ба роҳ монда ва шаҳрвандон бо қаноатмандӣ баромада мераванд. Аммо…

 

Оиди масъалаи мазкур бо муовини раиси  шаҳри Кӯлоб муҳтарам Кенҷамо Маҷидова ҳамсуҳбат шудам. Аз ӯ оиди ҳолати фаъолияти кунунии САҲШ- и шаҳри Кӯлоб пурсон шудам. Маҷидова иброз намуд, ки хабар дорам ва чанд маротиба оиди бенизомӣ бо мудири бахш Муъмина Иброҳимова низ ҳамсуҳбат шудаам. Вале ҳолат дигар нашуд…

Дар қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб, шуъбаи САҲШ- и минтақавӣ фаъолият мекунад, аммо кадом намуди хизматро ба ҷо меорад, ба касе маълум нест. Оиди ин масъала бо мудири бахши САҲШ- вилояти Хатлон Зинатмо Сафарова бо  телефон ҳамсуҳбат шудам. ӯ гуфт, ки САҲШ-и минтақа танҳо барои гирдоварии маълумот ва таҳлил мебошаду халос.  Маҳз ин бахшро Ҳукумати ҷумҳурӣ барои он таъсис додааст, ки сокинони минтақаи Кӯлоб барои гирифтани ҳуҷҷатҳои зарурӣ хароҷоти беҳуда накунанд ва корҳояшон дар ҳамин ҷо ба сомон расонанд. Бояд зикр кард, тӯли як сол мешавад, ки ин бахш ба пуррагӣ фаъолият намекунад.

                              

Дар ҳамаи нишастҳои матбуотии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб сари ин масъала савол дода  шуд, аммо касе посухи дуруст намедиҳад.  Яке аз мудирони бахши ноҳия иброз намуд, ки нархҳоро                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                              аз боло мегӯянд. Сари ин масъала дар нишасти матбуотӣ бо раиси шаҳри Кӯлоб савол додем. Раиси шаҳр нисбати камбудиҳо ҳарф зад ва иброз намуд, ки бахши САҲШ-и маконе аст, ки бояд ҳар як шаҳрванд бо рӯҳи болида дарояду барояд, вале аз ин боб ба мо шаҳрвандон шикоят намудаанд, аммо натиҷа нест.

Абдуллоев Каромат, сокини    шаҳри Кӯлоб, соли таваллудаш 1996 то ҳол соҳиби шаҳодатномаи таваллуд нашудааст. ӯ ду маротиба маблағ пардохт кардааст ва дар шаҳодатномаи ғайриаслӣ муҳру имзои мутасаддии САҲШ-и шаҳр гузошта шудааст. Пас имзову муҳр қалбакист? Бояд зикр намуд, ки бо гуфти шаҳрвандони воқеӣ барои интиқоли ҳуҷҷат ба маркази вилоят сараввал 40 сомонӣ ва  баъдан  100 сомонӣ мегирифтагӣ шуданд. Дар кадом асос?

Тарифу нархномаҳо дар хизматрасониҳои  САҲШ тағйир ёфта, то чанд боло мераванд, вале тарзи кору усули муносибат ба мардуму ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсияти онҳо дар Кӯлоб  торафт пурчигилу муаммо  шуда, кашолкорию ҳаққи мардумхӯрӣ ривоҷ мегирад. Кӣ ва кадом мақомот пеши ин нуқсонҳоро мегирифта бошад?

Фарҳод МАДАМИНОВ,

рӯзноманигор аз шаҳри Кӯлоб

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *