5 ҳазор сомонӣ ҷоиза ба ҳалабони «Тоҷикэйр»

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе халабони ширкати ҳавопаймоии «Тоҷикэйр» Абдурашид Ясиновро барои бидуни талафоти ҷонӣ фуруд овардани ҳавопаймои хатсайри Хуҷанд-Маскав, бо ҷоизаи пулӣ қадрдонӣ кардааст.

Ҷамила Ҳусейнова, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гуфтааст, сардори ин фурудгоҳ Исматулло Абдуллозода барои халабони ҳавопаймои ширкати «Тоҷик Эйр», Абдурашид Ясинов, ки дар ҳолати изтирорӣ ҳавопайморо ба замин фуруд овард ва 140 мусофирро наҷот дод, ба миқдори 5 ҳазор сомонӣ, ҷоиза эълон кардааст. Ба гуфтаи манбаъ, ҳоло халабон ин маблағро дарёфт накардааст ва қарор аст маъмурони фурудгоҳ фардо ҷоизаро ба ӯ тақдим намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *