Олими тоҷик дар симпозиуми Колорадои ИМА иштирок мекунад
Дар иёлати Колорадои ИМА аз 23 то 31-уми июли соли 2022 Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор мегардад, ки дар он як нафар олими тоҷик ҳам иштирок хоҳад кард.
Бино ба иттилои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар симпозиуми мазкур, ки бо номи “Экосистемаҳои даштии олам ва ҳифзи суботи онҳо” доир мегардад, зиёда аз 30 нафар олимони варзидаи кишварҳои гуногуни Осиё, Африқо ва Амрико иштирок мекунанд.
— Дар ҷамъомади илмии мазкур 4 олим аз кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла академики АМИТ, д.и.б., профессор Ҳикмат Ҳисориев низ таклиф гардидааст, ки доир ба мавзӯи “Экосистемаҳои Тоҷикистон: ҳифз ва истифодаи устувори онҳо дар арсаи гармшавии глобалии иқлим ва омили антропогенӣ” баромади илмӣ баррасӣ менамояд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ