Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ оид ба Ҳаракати олимпӣ
Дар истироҳатгоҳи Қаратоғи шаҳри Турсунзода даври ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳаракати олимпӣ баргузор гардид. Дар он ғолибон ва ҷоизадорони даврҳои дуюм ва сеюми олимпиада — дастаҳои вилояти Суғд, минтақаҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, ВМКБ ва 3 дастаи ноҳияи тобеи марказ қувваозмоӣ намуданд.
Бинобар иттилои Дилрабои Одилхоҷа, котиби матбуотии Академияи олимпӣ барномаи даври ниҳоии олимпиада аз тестонӣ ва 3 навъи варзиш иборат буд. Дар тестонӣ, ки 150 саволро доир ба таърихи ҳаракати олимпӣ ва варзиш дар бар мегирифт, аксари ҷавонписарону ҷавондухтарон дониши хуб нишон доданд. Натиҷаҳои беҳтаринро аз минтақаи Кӯлоб байни духтарон бо 116 ҷавоби дуруст Саидаи Шералӣ, миёни писарон Диловари Ҳисайн бо 126 ҷавоби дуруст касб карданд.
Дар мусобиқаҳои варзишии давидан ба масофаи 100 метр, бардоштани тан байни писарон ва бардоштани вазни бадан аз курсӣ байни духтарон, ҷаҳидан ба дарозӣ аз ҷой низ ғолибон муайян шуданд. Дар давидан ба масофаи 100 метр байни ҷавонписарон Ю. Бекмуродов ва байни духтарон М. Муллоҷонова (ҳар ду аз вилояти Суғд), дар мусобиқаи ҷаҳидан ба дарозӣ аз ҷой байни писарон С. Шарипов ва миёни духтарон С. Зарипова (ҳарду аз ноҳияи Рӯдакӣ) сазовори ҷойҳои якум гаштанд. Дар бардоштани тан аз фарш У. Нурматов аз вилояти Суғд ва дар мусобиқаи бардоштани вазни бадан аз курсӣ И. Раҷабова аз минтақаи Кӯлоб мақоми аввалро ишғол карданд.
Аз рӯи ҷамъбасти холҳои тестонӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ Ашраф Содиқов ва Идимоҳ Раҷабова ғолибони мутлақи олимиада эътироф гардиданд.
Иштирокчиёни фаъоли олимпиада ва намояндагоне, ки дастаҳоро дар сатҳи касбӣ омода намуданд, бо ифтихорномаю мукофотҳои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон арҷгузорӣ шуданд.
Э. НАЗАРОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ