Толибон: Мо ба давлатҳои Осиёи Миёна зарар намерасонем!

       Гурӯҳи терористии «Толибон»-и Афғонистон дар баромади навбатии видеоии хеш изҳор намуданд, ки онҳо ба корҳои дохилии давлатҳои шомили Осиёи Миёна дахолат нахоҳанд кард.

      Дар изҳороти хеш гурӯҳи мусаллаҳи «Толибон»  гуфтаанд, ки сиёсати мо ба амнияти мамолики Осиёи Миёна ҳеҷ халале ворид нахоҳад кард. Онҳо ҳамчунин дар изҳороти хеш доир ба нигаронии ВАО-и ҷаҳон бобати то кунун идодома доштани хушунат ва нооромиҳо нисбати мардуми Афғонистон ва хатари ин хушунат ба кишварҳои ҳамсоя ҷавоб гуфтаанд:

     «Ҳамин тавр мутобиқи сиёсати расмии Аморати исломии Афғонистон мехоҳам сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, хусусан ҳамсояҳоямонро бовар кунонам ,ки алорағми тарғиботи даҳшатовари ДИИШ мо нияти дахолат ва халал ворид кардан ба сиёсати ин кишварҳоро надорем ва ҳеҷ гоҳ ба ДИИШ даст нахоҳем дод, ки заминҳои манотиқи Осиёи Миёнаро бар нафъи хеш истифода кунанд. Мароми мо- бо ҳамсояҳо дар фазои дорандаи ҳусни тафоҳум зистан асту бас».

     Эҳтимооли тамом аст, ки ин изҳороти «Толибон» киноя аз он аст, ки мақсади давлати бо ном исломӣ халалдор намудани амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан Осиёи Миёна мебошад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *