Олмон ба Тоҷикистон ҳудуди 14 млн евро грант медиҳад

Байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Бонки олмонии рушд (KFW) шартнома ба имзо расид.

Шартномаи зикршударо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва директори минтақавии KFW дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер имзо карданд.

“Дар доираи шартномаи мазкур 13,97 млн евро грант барои татбиқи лоиҳаи “Дастгирии пешбурди таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дастрасӣ ба иншооти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва гигиенӣ дар ноҳияҳои дурдаст” барои сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд, инчунин дар шаҳри Душанбе ҷудо мегардад”,- иттилоъ дод Вазорати иқтисод.

Аз аввали марҳилаи лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Олмон дар маҷмуъ 44,1 млн евро грант ҷалб гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *