«Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар Сурия

Нашриёти Баали шаҳри Димишқи Ҷумҳурии Арабии Сурия шоҳасари фарзанди барӯманди Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров — «Тоҷикон»-ро дар ду ҷилд ба забони арабӣ аз чоп баровард.

Дар ин хусус узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Назруллоҳи Назар, ки нашри китоб таҳти назорат ва бо муқаддимаи ӯ анҷом ёфтааст, хабар дод.

Китобро адиб ва тарҷумони шинохтаи Сурия доктор Иброҳим Истанбулӣ ба забони арабӣ баргардонидааст.

Ёдовар мешавем, ки тарҷумаи осори як силсила адибони бузурги Русия, аз ҷумла Расул Ғамзатов ва дигар нависандагони Доғистон ба забони арабӣ ба қалами доктор Иброҳим Истанбулӣ тааллуқ дорад.

Дар муқаддимаи «Тоҷикон» ба забони арабӣ аз ҷумла омадааст: «Лоҷарам, хонандаи араб бо таърихи халқи тоҷики куҳанбунёд ҳанӯз тавассути китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», ки ду маротиба дар Қоҳира солҳои 2009 ва 2011 дар чор ҷилд дар нашриёти Дору-л-фикри-л-арабӣ ба табъ расида буд, бори нахуст шинос шудааст ва акнун чопи ин китоб фурсати дигареро ба хонандаи араб барои шиносоии амиқтар муҳайё месозад».

Ҳамчунин муаллифи муқаддима ба таваҷҷуҳи хонандаи араб мерасонад, ки китоби «Тоҷикон» дар даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аҳамияти беандоза касб намуда, бо ташаббуси Сарвари давлат ба забони тоҷикӣ нашр ва ба ҳар хонадон эҳдо шуд. Ҳамзамон маъракаи тарҷумаи он ба забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони арабӣ оғоз шуда, соли 2023 дар Тоҷикистон Соли бузургдошти китоби «Тоҷикон» ва муаллифи он академик Бобоҷон Ғафуров эълон гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *