Омӯзгорӣ себ дораду ғоз надорад?

Ҳамасола дар Тоҷикистон ҳафтаи аввали моҳи октябр Рӯзи омӯзгор ҷашн гирифта мешавад. Чаро имрӯз ҷавонон ба касби омӯзгорӣ майли камтар доранд? Маоши кам ё омили дигар?

Ҳамасола дар Тоҷикистон ҳафтаи аввали моҳи октябр Рӯзи омӯзгор ҷашн гирифта мешавад. Чаро имрӯз  ҷавонон ба касби омӯзгорӣ майли камтар доранд?  Маоши кам ё омили дигар? Чанде аз   омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва олӣ ба ин суолҳо посух гуфтанд, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

Мирзо Солеҳов,  дотсенти факултети филологияи  ДМТ:

-Мақоми омӯзгор  дар ҷомеаи мо имрӯз манзалати худро дорад. Касби омӯзгорӣ пешаи муқаддас ва шариф аст. Ҳама шоирону олимон  навиштану хонданро дар назди омӯзгор ёд гирифта, ба мартабаҳои баланд расидаанд.  Тамоми мутахассисони касбу кори гуногун аз дасти омӯзгор мебароянд. Зиндагӣ  дар шароити кунунӣ хеле мушкил шудааст. Чӣ тавре шоир гуфтааст:

Азизон, лаззати дунё зӣ мол аст.

На аз фазлу ҳушу на аз камол аст.

Хоҳед- нахоҳед, зиндагӣ мушкил аст ва ҳар касро маҷбур мекунад рӯ орад ба ягон касби сердаромад. Маънои ин шеър  ҷавоб ба саволи  шумо аст, ки ҷавонони имрӯза чӣ мехоҳанд.

Майдамоҳ Назриева, директори мактаби № 2-и ш. Левакант:  

-Албатта, пешаи омӯзгорӣ ниҳоят касби мушкил аст.  Инсон  дар ин ҷода  ҷисман хаста намешавад,  балки рӯҳан хаста мешавад. Яъне, на ҳар кас метавонад бо хонанда  сарукор гирад ва қобилияти кӯдакро  дарк намуда, ба ӯ дарс омӯзонад. Ба ин касб камтар таваҷҷуҳ доштани ҷавонон чанд сабаб дорад. Айни ҳол дар мактаби  мо аз ҳисоби ҷавонон 40 нафар  ҷавонондухтарон дарс медиҳанд, вале  дар ин самт писарон кам ҳастанд. Вақте ки  як нафар омӯзгори мо аз кор рафт, аз ӯ пурсидам:  барои чӣ меравӣ? Дар  ҷавоб гуфт: «Маблағе, ки дар ин ҷо мегирам, хароҷоти зиндагиамро намепӯшонад».  Сабаби тарк кардани пешаи омӯзгорӣ ҳам ба фикрам ин,  пеш аз ҳама кам будани маош аст. Шояд барои ҳамин аз рӯи ин касб нисбат ба мардон дида  ҷавондухтарон зиёд кор мекунанд.

Боймурод Шарифзода, декани факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи С. Айнӣ:

-Ҷавонон ба касби омӯзгорӣ камтаваҷҷуҳ буданашон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон маълум намешавад. Онҳо мехонанд, хатм мекунанд ва баъди гирифтани диплом  бештари онҳо ба кор ҳозир намешаванд. Асосан ба корҳои дигар машғул мешаванд. Шояд сабаби ин заминаи иқтисодӣ бошад, бисёри онҳо мехоҳанд зиндагии  хуб дошта бошанд.  Мехоҳанд  худро ба ягон касби сердаромад, яъне  тиҷорат санҷанд. Дар даврони шӯравӣ ҳама бо ҷидду ҷаҳд  баъди хатм дар мактаб кор мекарданд. Музди калон мегирифтанд. Бо ин муздашон зиндагии худро таъмин мекарданд. Айни ҳол омӯзгорон маоши камтар   мегиранд. Зиндагие, ки онҳо орзу мекунанд, бо маоши омӯзгор наметавон амалӣ кард.

Барно Ашурова, дотсенти ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода:

-Имрӯз вақти он расидааст, ки касб ва  мақому манзалати омӯзгорро дар ҷомеа  баланд бардорем. Ҷавонон бинанд ва дарк намоянд, ки  то кадом андоза омӯзгорӣ пешаи пуршараф аст. Яке аз сабабҳои кам майл доштан  ба ин касб, паст будани обрӯ, мартаба ва вазъи иҷтимоии омӯзгорони имрӯза  мебошад.  Дар сурате онҳо ба ин касб дил мебанданд, ки омӯзгор  зиндагии шоиста ва дар байни ҷомеа нуфузу эътибори хоса дошта бошад. Он гоҳ шавқу ҳаваси онҳо ба ин касб зиёд мешавад. Солҳои 60-ум буд, вақте ки омӯзгорон  ба дарс меомаданд, куртаи сафед надоштанд, вале   ҷома пӯшидаву миёнро баста, ба дарс меомаданд. Дар ҷое ки  ман   ба дунё омадам,  ҳамеша  орзу доштам, омӯзгор шавам. Зеро мақому мартабаи омӯзгор баланд буд. Омӯзгор дар тамоми маъракаву  ҷамъомадҳо гули сари сабади аҳли нишаст буд. Ҳамин чиз ба ман таъсир расонд, ки  пешаи омӯзгориро интихоб кардам ва наздики 50 сол аст, дар ин самт кор мекунам. Агар мақому  манзалат ва вазъи иҷтимоии  омӯзгоронро, ба монанди дигар касбҳо, ки ҷавонон майли зиёд доранд, аз ҷумла  духтурӣ, ҳуқуқшиносӣ ё  иқтисодшинос  баланд бардорем, онҳо ҳам  ба  касби омӯзгорӣ ҳам  рӯ хоҳанд кард.

Нурбону Мамадакимзода, донишҷӯ:

— Калиди тамоми муваффақиятҳоро барои инсон  омӯзгор мекушояд. Сабаби кам таваҷҷуҳ доштан ба ин касб аз тарафи ҷавонон  гирифтани музди кам  аст. Агар ба солҳои пеш назар афканем, маоши омӯзгорон зиёд буд, дар касби худ содиқ буданд ва кӯшиш мекарданд, ки  барои насли оянда чизеро омӯзонанд. Аммо имрӯз манзалати омӯзгорон  дар ҷомеа паст шудааст. Яъне, омӯзгор беқадр шудааст. Дар баробари пурмашаққат будани ин касб, омӯзгорони мо бо маоши 500 ё 600 сомонӣ ҳам кор мекунанд. Ин маблағе, ки онҳо мегиранд, албатта, хароҷоти онҳоро дар шароити имрӯза пӯшонида наметавонад. Ҷавонон  ҳам имрӯз оянда ва  вазъи иқтисодиро нигоҳ карда,  касбро интихоб мекунанд. Ҳар кас ҳам омӯзгор шуда наметавонад, зеро ин пеша масъулияти баланди касбиро талаб мекунад.

Юсуфҷон Бердиев, донишҷӯ:

-Омӯзгорӣ касби пуршараф буда, бо таълиму тарбияи насли наврас — ғунчаҳои гулбоғи маърифат машғул мешаванд. Ин аз омӯзгоршаванда масъулият ва уҳдадории ҷиддиро талаб мекунад. Кам шудани таваҷҷуҳи ҷавонон нисбат ба касби омӯзгорӣ ин коҳиш ёфтани ҳурмату эҳтироми омӯзгорон аст. Бубинед, пеш агар муаллимро дар роҳе дафъатан дида мемонданд, бо дигар роҳ мерафтанд ё ин ки то гузашта рафтани он кас баҷо мешуданд. Имрӯз  дар баъзе маврид шогирд аз муаллим нос мепурсад. Магар ин беҳурматӣ нисбати омӯзгор нест?  Ҳамчунин, паст будани мақому манзалати омӯзгорӣ боиси он гардидааст, ки насли ҷавон рӯ ба дигар ихтисос меорад. Масалан, дар ҳамхонагии мо писаре дар ДДОТ ба номи устод С. Айнӣ таҳсил мекунад. Имсол ба курси дуюм гузашт. Аммо ният дорад, ки ба дигар донишгоҳ интиқол гирад. Чун сабабашро пурсон шудем, гуфт, ки намехоҳам ҷӯраҳоям маро «муаллим» гӯён мазоқ кунанд. Ҳоло омӯзгорӣ хислати касби занонаро гирифтааст. Чун ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёна менигарем,  аксари кормандонро занон ташкил медиҳанд.

Нуринисо  Акрамова, омӯзгор:

— Омӯзгорӣ бисёр касби муқаддас аст. Ҳар кадоми мо аввал дар назди омӯзгор навиштану хонданро ёд гирифта, баъдан  ба як мартабае мерасем. Яъне, омӯзгор дар ҳаёти ҳар як инсон нақши бузург дорад. Аммо дар замони имрӯз ҷавонони мо ба ин касби пурифтихор камтар таваҷҷуҳ мекунанд, зеро маоши омӯзгорӣ ночиз аст. Инчунин, ин як касби пурмашаққат  ва заҳматталаб мебошад.

Ширин Тоҳирӣ,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *