Ангурпарвари шинохта даргузашт


Имшаб Ҳоҷӣ Камол Мадумаров, яке аз шинохтатарин ангурпарвар, раиси хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» шахси саховатпеша дар синни 80- солагӣ оламро падруд гуфт.

Дар ин бора ба «Tajikistantimes» Фирӯз Холиқов, сухангӯи раиси шаҳри Турсунзода хабар дод. Номбурда афзуд, ки ҷанозаи марҳум имрӯз, соати 11 дар шаҳри Турсунзода, ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонов, деҳаи Сомониён баргузор мешавад.


Дафтари матбуотии Президенти и Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи Мадумаров ҳамдардӣ баён кардааст.


Манбаъ мегӯяд, «Камол Мадумаров дар давоми умри бобаракати худ барои рушди соҳаи кишоварзии мамлакат, бахусус боғдорию ангурпарварӣ саҳми босазо гузошта, таҷрибаву малакаи худро барои пешрафт ва ободии диёри хеш сарф кардааст».


Камол Мадумаров аз афроди наздик ба президент гуфта мешуд. Дар чанд соли ахир тамоми меҳмонҳои баландпоя, аз ҷумла президентҳои кишварҳо ва хабарнигорони хориҷиро барои меҳмонӣ ба боғи ҳамин ангурпарвар мебурданд. Дар охирин сафари худ ба Тоҷикистон, Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистон ба хоҷагии ангурпарварии ӯ мошини сабукрав тақдим карда буд.


Камол Мадумаров, аз таъсисдиҳандагони хоҷагии «Боғи Сомон» ва яке аз нафарони бонуфузу боэҳтиром дар шаҳри Турсунзода ба ҳисоб мерафт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *