Омадагии ҷиддӣ ба таҷлили 5500-солагии Саразм
Имсол бо қарори созмони байналмиллалии ЮНЕСКО 5500- солагии яке аз ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон-Саразм таҷлил карда мешавад.
Ба ин муносибат як қатор корҳои ободониву созандагӣ роҳандозӣ гардида, шаҳркада симои наву замонӣ касб мекунад.
Чанде пеш боз як маҷмӯаи илмӣ зери номи “Саразми Бостон. Панҷакенти қадим ва навин” аз зевари табъ баромад, ки оиди таърихи куҳани ин сарзамин маълумоти муфассал медиҳад.
Маҷмӯаи мазкур бо теъдоди 100 нусха ба табъ расида, туҳфаи хуб ба аҳли илму адаб мебошад.
Ёдовар мешавем, ки баргузории ҳама гуна чорабинӣ бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ манъ карда шудааст ва номаълум аст, ки 5500-солагии Саразм низ таҷлил мешавад ё не?
Амони Муҳаммад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ